Прапоршики Вазорати адлия бе ному нишон ғайб зад

Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ ба ҷустуҷӯи прапоршики 46-сола, нозири Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон Ҷӯрабек Дӯстов оғоз намуд, ки ду ҳафта қабл бе ному нишон ғайб задааст. Аз Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда, ҷустуҷӯи прапоршик […]

Мавзуна Абдуллоева



Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ ба ҷустуҷӯи прапоршики 46-сола, нозири Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон Ҷӯрабек Дӯстов оғоз намуд, ки ду ҳафта қабл бе ному нишон ғайб задааст.

Аз Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда, ҷустуҷӯи прапоршик аз рӯзи аввали бедарак шуданаш оғоз гардидааст.

Дар ҳамин ҳол, Фароғат Холова ҳамсари прапоршик ба радиои «Озодӣ» дар ин робита

изҳор доштааст

, ки шавҳараш соати чори рӯзи 8 май аз хона берун шуда, гуфтааст, ки ба туйи як ҳамкораш меравад. «Баъзе ҳуҷҷатҳояшро гирифта баромад ва гуфт, ки шояд шаб омада натавонад. Соати 9-и шаб занг зад ва гуфт, ки намеояд ва баъди ҳамин дигар телефонаш хомӯш шуд. Ӯ он қадар мазҳабӣ набуд ва гоҳ-гоҳ менӯшид, аммо ба хона дар ҳолати мастӣ намеомад. Овозаи Сурия рафтани ӯ ҳеч ба ҳақиқат рост намеояд», – иброз доштааст ӯ.

Хешону наздикон ва дӯстони Ҷӯрабек Дӯстов, ки дар муассисаҳои ислоҳӣ 23 сол таҷрибаи корӣ дорад, қотеъона имкони ба Сурия рафтани ӯро рад мекунанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.