Гумонбарии роҳбари нозироти андози ноҳияи Фирдавсӣ ба порагирӣ

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ нисбати сардори Нозироти андоз дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ва мутахассиси пешбари гурӯҳи хизматрасонӣ бо соҳибкорони инфиродии Шӯъбаи хизматрасонӣ бо андозсупорандагони нозироти андози ҳамин ноҳия парвандаи ҷиноӣ боз намуд. Сомонаи расмии Агентии зиддифасод дар шарҳи ин хабар менависад, мақомоти тафтишот аз эҳтимол дур намедонад, ки гумонбаршудагон […]

ASIA-Plus



Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ нисбати сардори Нозироти андоз дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ва мутахассиси пешбари гурӯҳи хизматрасонӣ бо соҳибкорони инфиродии Шӯъбаи хизматрасонӣ бо андозсупорандагони нозироти андози ҳамин ноҳия парвандаи ҷиноӣ боз намуд.

Сомонаи расмии Агентии зиддифасод дар шарҳи ин хабар менависад, мақомоти тафтишот аз эҳтимол дур намедонад, ки гумонбаршудагон бо мақсади гирифтани пора дидаву дониста пешниҳоди ҳуҷҷат дар бораи қатъи фаъолият ба шаҳрванд «А»-ро ба дарозо кашидаанд.

Гуфта мешавад, рӯзи 4 май соҳибкор шаҳрванд «А» бар ивази гирифтани маълумотнома оиди қатъ намудани фаъолияти соҳибкориаш, маҷбуран ба талаби шахсони мансабдори номбурда розӣ шуда, барои ошхонаи бӯстонсарои сардори Нозироти андоз дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, ки дар ноҳияи Варзоб воқеъ аст, ҷевони ошхона бо арзиши маблағи 1500 доллари ИМА васл намудааст.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин далел нисбати шахсони мансабдор мутобиқи моддаи 319, қ. 4-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Гирифтани пора) парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот дар ин самт идома дорад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.