Кумитаи дин гаронии нархи ҳаҷҷи тоҷикистониён нисбат ба қирғизҳоро шарҳ дод

Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди ҳукумати ҶТ ба маълумоти дар чанде аз ВАО интишоршуда дар бораи бидуни сабаби ҷиддӣ аз ҷониби тоҷикистониён пардохт шудани маблағи зиёдтар барои адои маросими ҳаҷ нисбати зойирини кишвари ҳамсояи Қирғизистон розӣ нест. Дар маълумоти дар ин робита нашршудаи Кумита зикр мегардад, ки  соли […]

ASIA-Plus



Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди ҳукумати ҶТ ба маълумоти дар чанде аз ВАО интишоршуда дар бораи бидуни сабаби ҷиддӣ аз ҷониби тоҷикистониён пардохт шудани маблағи зиёдтар барои адои маросими ҳаҷ нисбати зойирини кишвари ҳамсояи Қирғизистон розӣ нест.

Дар

маълумоти

дар ин робита нашршудаи Кумита зикр мегардад, ки  соли гузашта зоирини қирғиз барои сафар ба Арабистони Саудӣ 2 ҳазору 550 доллари ИМА ва тоҷикон бошанд, 18 ҳазору 165 сомонӣ, яъне тибқи қурби ҳамон замон қариб 3 ҳазору 700 доллари ИМА маблағ пардохт намуданд.

Маблағи тоҷикистониён ба чиптаи ҳавопаймо, сукунат дар меҳмонхонаҳо дар шаҳрҳои Макка ва Мадина, се маротиба хӯрок дар як рӯз, хидмати роҳбаладон, суғурта, хизматрасонии шабонарӯзии тиббӣ, эмгузаронӣ бар зидди бемориҳои сирояткунанда, ҷузвдон, сару либос, чорво барои қурбонӣ ва ғайра масраф гардид.

Гуфта мешавад, нисбат ба зоирини тоҷик, қирғизҳо ба таври ройгон дар маконҳои хайрия зиндагӣ карда, чорво барои қурбониро низ аз ҳисоби алоҳида аз Арабистони Саудӣ мехариданд.

Зимнан зикр мегардад, ки зоирини қирғиз барои ташкили адои маросими ҳаҷ ба мақомоти дахлдори кишвари худ 130 доллар пардохт мекунанд ва ин ҳам дар ҳолест, ки зойирини тоҷик чунин хароҷот надоранд.

Ғайр аз ин, ҳоҷиёни тоҷик дар меҳмонхонаҳои барҳавои Макка (дар ҳар утоқ аз 3 то 5 нафар) дар масофаи то 4 км аз Ҳарам иқомат намуда, қирғизҳо дар дурии 15 километр аз он зиндагӣ мекарданд.

Кумита итминон медиҳад, ки ҳоло хизматрасониҳое, ки ҷониби Тоҷикистон баъди бастани шартномаи дахлдор бо ширкати хизматрасон ба зоирини худ пешниҳод менамояд, дар сатҳи кишварҳои пешрафтае чун Туркияву Эрон, Русияву Қазоқистон ва Озарбойҷон аст, ки нисбат ба Тоҷикистон дар ин кишварҳо маблағи пардохт барои маросими адои ҳаҷ хеле зиёдтар аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Шикоят аз шиканҷа, фавт дар зиндон ва савдои одамон. Намояндагони мақомоти Тоҷикистон дар нишасти Женева чӣ гуфтанд?

Давоми солҳои 2018-2025 дар Тоҷикистон 105 муроҷиат аз шиканҷа сабт шуда, 14 парвандаи ҷиноӣ боз ва нисбати 13 нафар то 21 сол ҷазои зиндон...

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.