Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Тоҷикистон (Омбудсмен) Зариф Ализода ба шикояти муовини аввали раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Саидумар Ҳусайнӣ аз болои сохтори интизомӣ ва намояндагони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар бораи мавриди фишору таъқиб ва дар баъзе ҳолат шиканҷа қарор гирифтани азъо ва ҷонибдорони ҳизб ва аҳли оилаи онҳо тариқи хаттӣ посух гуфт.
Маҳмадалии Ҳайит, муовини раиси ҲНИТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита гуфт, дар посухи Омбудсмен қайд мешавад, ки шикояти мазкури ҳизбро метавон тариқи баргузории чорабиниҳои тафтишотӣ санҷид ва аз ин рӯ, мебояд ба мақомоти тафтишотии кишвар муроҷат намуд.
«ВКД ва КДАМ Тоҷикистон ба шикояти С.Ҳусайнӣ посух надоданд, ҳарчанд муҳлати тибқи қонунгузорӣ ҷудошуда барои посух на бештар аз як моҳро ташкил медиҳад, ки аллакай сипарӣ шуд», – иброз дошт Ҳайит.
Ба гуфтаи ӯ, Прокуратураи генералии Тоҷикистон шикояти Саидумар Ҳусайниро ҷиҳати санҷиш ва чорачӯӣ ба мақомоти прокуратураи шаҳри Исфара ва ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳу Фархор ирсол намудааст. «Аз Прокуратураи генералӣ низ мо то имрӯз посухе нагирифтаем», – гуфт Ҳайит.
Дар идома номбурда зикр кард, ки пас аз муроҷиат ба ВКД, КДАМ, Прокуратураи генералӣ ва Омбудсмен фишорҳо ба аъзои ҳизб кам нашуда, баръакс афзудаанд.
«Ҳукуматҳои маҳаллӣ ва кормандони сохторҳои қудратӣ аъзои ҳизби моро маҷбур месозанд, ки «ихтиёрӣ» сафҳои ҳизбро тарк намоянд ва дар баъзе шаҳру навоҳии кишвар кор то ба бемаънигиҳое мерасад. Дар Панҷакент аз 278 нафар «ихтиёран» сафҳои ҳизби моро тарккарда, ҳамагӣ 50 нафарашон ҳақиқатан ҳам аъзои ҳизби мо мебошанд ва аризаҳои боқимондаро ҳукумати маҳаллӣ барои ҳисобот ба Душанбе ҷамъоварӣ кардааст», – изҳор муовини раиси ҳизб.
Дар ҳамин ҳол, ӯ хотиррасон намуд, ки чанде рӯз қабл Шӯрои сиёсии ҳизб изҳороте қабул кардааст, ки мутобиқи он ашхоси маҷбуран сафҳои ҳизбро таркгуфта аъзои ҳизб шуморида мешаванд, зеро ҳуқуқҳои конститусмонии онҳо поймол шудааст.
Ёдрас мекунем, ки нимаи дуюми моҳи апрел бо дастури Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) муовини аввали раиси ҳизб, собиқ вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Саидумар Ҳусайнӣ тариқи хаттӣ ба прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмонов муроҷиат намуд.
Дар
номаи интишоршудаи ӯ
ба унвони прокурори генералӣ зикр мегардад, ки тайи солҳои ахир ҷонибдорони ҳизб, аъзои оилаи онҳо аз ҷониби мақомоти интизомӣ мавриди таъқибу таҳқир ва дар баъзе ҳолатҳо шиканҷа қарор гирифтаанд.
Дар номаи худ Саидумар Ҳусайнӣ беш аз 10 ҳолатҳои таъқибу шиканҷа ва таҳқири аъзои ҲНИТ ва пайвандону наздикони онҳоро мисол овардааст.



