Санҷиши ҳавопаймоҳои бесарнишини Русия дар кӯҳҳои Помир

Воҳидҳои пойгоҳи низомии 201-уми Русия тарзу усулҳои истифодаи авиатсияи бесарнишинро дар минтақаи баландкӯҳи Помир мавриди санҷиш қарор доданд. Дафтари матбуоти Ҳавзаи низомии Марказии Русия дар шарҳи ин хабар менависад, низомиён аз Қӯрғонтеппа то ноҳияи Дарвози ВМКБ ба масофаи беш аз 300 километр роҳпаймоӣ (марш) намуда, парвози дастгоҳҳои паврзкунандаи бесарнишини «Гранат» ва «Застава»-ро дар баландии беш […]

ASIA-Plus



Воҳидҳои пойгоҳи низомии 201-уми Русия тарзу усулҳои истифодаи авиатсияи бесарнишинро дар минтақаи баландкӯҳи Помир мавриди санҷиш қарор доданд.

Дафтари матбуоти Ҳавзаи низомии Марказии Русия дар шарҳи ин хабар менависад, низомиён аз Қӯрғонтеппа то ноҳияи Дарвози ВМКБ ба масофаи беш аз 300 километр роҳпаймоӣ (марш) намуда, парвози дастгоҳҳои паврзкунандаи бесарнишини «Гранат» ва «Застава»-ро дар баландии беш аз 3.5 килмоетр аз сатҳи баҳр анҷом доданд.

«Ба туфайли истифодаи дастгоҳҳои парвозкунандаи бесарнишин, усулҳои амалҳои муштарак бо воҳидҳои низомии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон «барои таъмини кори тирандозҳо зимни иҳота ва аз байн бурдани гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, азназаргузаронии минтақаи душворгузар, истифодаи дастгоҳҳои парвозкунандаи бесарнишин дар шароити ҳарорати баланд мавриди омӯзишу амал қарор дода шуданд», – омадааст дар маълумоти хадамоти матбуоти Ҳавзаи низомии Марказии Русия.

Ёдрас мекунем, ки чанд рӯз қабл дар қаламрави ВМКБ тамринҳои муштараки воҳидҳои пойгоҳи низомии 201-уми Русия ва Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон баргузор шуда, дар он беш аз 500 нафар хизматчиёни ҳарбӣ ва ҳудуди 100 адад техника ширкат варзиданд.

Пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар гарнизонҳои шаҳрҳои Душанбе, Қӯрғонтеппа ва Кӯлоби Тоҷикистон мусиақар буда, яке аз иншооти бузургтарини низомии Русия дар хориҷи кишвар маҳсуб меёбад. Мутобиқи созишномаи моҳи октябри соли 2012 баимзорасида миёни Тоҷикистону Русия, ин пойгоҳ ҳадди ақал то соли 2042 дар қаламрави Тоҷикистон ҳузур хоҳад дошт.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.