Шикасти дзюдочии беҳтарини Тоҷикистон дар Марокаш

Гуштигири маъруфи тоҷик Комроншоҳи Устопириён дар сабқати ҷаҳонии дзюдо бо номи “World Judo Masters Mohammed VI 2015”, ки рӯзҳои 24-25 май дар шаҳри Работи Марокаш барпо гардид, дар рақобати нахуст ба шикаст дучор шуд. Бино ба иттилои Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, вай дар вазни зери 90 кило дар нахустин қувваозмоияш аз Илиас Илиадиси юнонӣ мағлуб […]

Пайрав Чоршанбиев



Гуштигири маъруфи тоҷик Комроншоҳи Устопириён дар сабқати ҷаҳонии дзюдо бо номи “World Judo Masters Mohammed VI 2015”, ки рӯзҳои 24-25 май дар шаҳри Работи Марокаш барпо гардид, дар рақобати нахуст ба шикаст дучор шуд.

Бино ба иттилои Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, вай дар вазни зери 90 кило дар нахустин қувваозмоияш аз Илиас Илиадиси юнонӣ мағлуб гашт ва аз ҳаққи идомаи мубориза барои медалҳо маҳрум шуд.

Ёдрас мекунем, ки дар ин мусобиқа Тоҷикистонро танҳо Комроншоҳи Устопириён намояндагӣ мекард. Фонди мукофотпулии мусобиқа 200 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Дар ин мусобиқа гуштигироне, ки дар рейтинги ҷаҳонӣ дар ҷойҳои 1-16-ум ҷойгиранд, ширкат варзиданд.

Дар мусобиқоти Марокаш беш аз 220 нафар устодони гуштии дзюдо иштирок мекунанд. Дар баробари мукофотпулии шоиста дзюдочиён ҳамчунин барои касби имтиёзҳо ҷиҳати иштирок дар Олимпиадаи Рио-де-Жанейро-2016 низ рақобат мекунанд.

Қобили зикр аст, ки дар рейтингии ҷаҳонии дзюдо гуштигири тоҷик Комроншоҳи Устопириён 

то зинаи 12-ум боло баромад.

 Пас аз Чемпионати Осиё оид ба дзюдо дар Кувайт намояндагони ин навъи гуштии Тоҷикистон мавқеъҳои худ дар рейтинги ҷаҳонии дзюдоро беҳтар карданд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.