Таҷрибаандӯзии кормандони бахши молияи Тоҷикистон дар Чин

Рӯзи 24 май дар наздикии шаҳри Пекин барои ҳайати раҳбарии бахши молияи Тоҷикистон семинари ҳафтрӯза ба кор шурӯъ намуд. Тавре намояндагии дипломатии Душанбе дар Пекин дар ин робита хабар медиҳад, семинар аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Чин дар ҳамдастӣ бо Бонки кишоварзии ин кишвар созмон дода шуда, дар кори он 40 нафар роҳбарони воҳидҳои муваффақи […]

Аваз Юлдошев



Рӯзи 24 май дар наздикии шаҳри Пекин барои ҳайати раҳбарии бахши молияи Тоҷикистон семинари ҳафтрӯза ба кор шурӯъ намуд.

Тавре намояндагии дипломатии Душанбе дар Пекин дар ин робита хабар медиҳад, семинар аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Чин дар ҳамдастӣ бо Бонки кишоварзии ин кишвар созмон дода шуда, дар кори он 40 нафар роҳбарони воҳидҳои муваффақи Бонки миллии Тоҷикистон, Вазорати молия ва 10 бонки Тоҷикистон иштирок мекунанд.

Гуфта мешавад, дар маросими ифтитоҳи семинар аз ҷониби Чин раиси Шӯрои мудирони Бонки кишоварзии Чин Ли Шиюй ва президенти бонк Чжан Юн, ёвари президенти Бонки мардумии Чин хонум Чжан Сяохуэй ва сафир оид ба супоришҳои махсуси ВКХ Чин Ван Кайвэн ва аз ҷониби Тоҷикистон сафири ҷумҳурӣ дар Чин Рашид Олимов ва раиси раёсати «Агроинвестбонк» Муродалӣ Алимардон суханронӣ кардаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки зимни таҷрибаомӯзӣ иштирокчиёни семинар бо сиёсати монетарии Чин, низоми идоракунии Хазинадорӣ ва буҷети ин кишвар, роҳандозии ислоҳот ва рушди маркази молиявӣ ва низоми ҷории бозорҳои молиявии Чин, нақши нави юани чинӣ ва низоми идоракунии хатарҳо аз наздик ошно гардида, назди иштирокдорони чорабинӣ олимони маъруфи бахши иқтисоди Чин ва роҳбарони бонкҳои бузург табодули таҷриба ва ибрози назар мекунанд ва ҳамчунин як қатор чорабиниҳои дигар ва боздид аз бонкҳо ва ниҳодҳои молиявии ин кишвар дар назар аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.