Ҷаласаи навбатии байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон дар Тошканд

Ахири моҳи июни соли равон дар шаҳри Тошканд ҷаласаи навбатии байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон доир мегардад. Ҳайати Тоҷикистонро дар ин ҷаласа муовини аввали нахуствазири ҷумҳурӣ Давлаталӣ Саид ва Ӯзбекистонро муовини аввали нахуствазири ин кишвар Рустам Азимов роҳбарӣ мекунанд. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, имрӯз баррасӣ ва таҳияи рӯзномаи […]

Аваз Юлдошев



Ахири моҳи июни соли равон дар шаҳри Тошканд ҷаласаи навбатии байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон доир мегардад. Ҳайати Тоҷикистонро дар ин ҷаласа муовини аввали нахуствазири ҷумҳурӣ Давлаталӣ Саид ва Ӯзбекистонро муовини аввали нахуствазири ин кишвар Рустам Азимов роҳбарӣ мекунанд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, имрӯз баррасӣ ва таҳияи рӯзномаи ин ҷаласа идома дорад. «Яке аз масъалаҳои калидие, ки ахири моҳи июн дар ҷараёни ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ дар Тошканд мавриди баррасӣ қарор мегирад, ифтитоҳи хатсайри мустақими ҳавоӣ миёни шаҳрҳои Тошканду Душанбе аст. Имрӯз миёни ҷонибҳо бобати ин масъала ҳеҷ ихтилофи назаре ҷой надорад», – таъкид намуд манбаъ.

Ёдрас мекунем, ки дар доираи тавофуқоти ҳосилшуда зимни вохӯрии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов моҳи сентябри соли гузашта дар шаҳри Душанбе, аввали моҳи январи соли 2015 Тоҷикистон баҳри баланд бардоштан ва беҳбуди муносибатҳои дуҷониба ба Ӯзбекистон як қатор пешниҳодҳо кард.

Тоҷикистон ба кишвари ҳамсоя барқарор кардани хатсайри ҳавоӣ миёни Душанбеву Тошканд, ки ҳанӯз соли 1992 қатъ гардида буд ва ҳамчунин равуои автобусҳои мусофиркаш байни як қатор шаҳру навоҳии ҳарду кишварро пешниҳод намуд.

Ғайр аз ин, Тоҷикистон ба ҳамтоёни ӯзбеки худ ҳамчунин баррасии масъалаи соддакунии дастрасии раводид барои шаҳрвандони ҳарду кишвар, яъне гирифтани раводид бевосита дар сарҳади давлатҳо ё ба шаҳрвандони ҳарду кишвар иҷозат додани будубош дар қаламрави кишварҳои ҳамдигар бидуни дастрасии раводид ба муддати як моҳро низ ироа дошт.

Дар ҳамин ҳол, маълумоти интишоршудаи чанде аз васоити ахбори умуми Ӯзбекистон оид ба аз ҷониби ҳарду тараф мавриди баррасӣ қарор гирифтани комилан бекор кардани реҷаи раводид миёни кишварҳо тасдиқ нагардид.

Пас аз сафари моҳи сентябри соли гузаштаи президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов ба Тоҷикистон, дар муносибатҳои Тошканду Душанбе возеҳан гармӣ эҳсос мешавад. Корхонаҳои Ӯзбекистон ба ҷустуҷӯи шарикон дар Тоҷикистон оғоз намуда, чанд рӯз қабл дар Хуҷанд бори нахуст вохӯрии сардорони сарситодҳои нерӯҳои марзбонии кишварҳо баргузор шуд ва ҳамчунин ҳаҷми муомилиоти мол миёни давлатҳо тадриҷан рӯ ба афзоиш мениҳад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.

Дафтари САҲА дар Душанбе “Азия-Плюс”-ро ба 30-солагиаш табрик кард

Ин созмон саҳми расонаи моро дар рушди журналистика дар кишвар муҳим арёзбӣ кард.

Дар Тоҷикистон минтақаҳои озоди иқтисодӣ рақамӣ мешаванд

Минбаъд соҳибкорон имкон пайдо мекунанд, ки дархостҳои худро ба таври онлайн пешниҳод кунанд..

Заҳролудшавии 4 кас баъди истеъмоли гушти мурғ дар яке аз ошхонаҳои Панҷакент

Ошхонае, ки сокинон заҳролуд шудаанд, муваққатан баста шудааст.

Тасдиқи реҷаи нави кори мағоза ва тарабхонаву марказҳои дилхушӣ дар Душанбе. Онҳо то кай бояд кор кунанд?

Соҳибони марказҳои савдову хидматрасонӣ бояд реҷаи кори худро бо комиссияи шаҳрдорӣ мувофиқа кунанд.

Русия 27 шаҳрванди Тоҷикистонро аз Эрон берун баровардааст

Онҳо дар нерӯгоҳи ҳастаии "Бушаҳр" кор мекарданд.

Муштзанони тоҷик дар марҳилаи якуми Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия ширкат мекунанд

Федератсияи бокси Тоҷикистон ҳайати дастаро, ки аз 4 варзишгар иборат аст, эълон кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 68

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.