Қурби доллар дар Душанбе қариб 2,5% поин рафт

Рӯзҳои истироҳати ҳафтаи сипаришуда қурби доллари ИМА нисбати арзи миллии Тоҷикистон – сомонӣ қариб 2,5% поин рафт. Имрӯз 25, май дар нуқтаҳои мубодилаи асъор қурби хариду фурӯши доллари амрикоӣ 6,40-6,42 сомонӣ барои 1 доллари ИМА-ро ташкил медиҳанд. Ахири ҳафтаи гузашта дар лавҳаҳои саррофиҳо ин рақамҳо 6,52-6,54 сомонӣ дарҷ ёфта буданд. Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) алҳол […]

Пайрав Чоршанбиев



Рӯзҳои истироҳати ҳафтаи сипаришуда қурби доллари ИМА нисбати арзи миллии Тоҷикистон – сомонӣ қариб 2,5% поин рафт.

Имрӯз 25, май дар нуқтаҳои мубодилаи асъор қурби хариду фурӯши доллари амрикоӣ 6,40-6,42 сомонӣ барои 1 доллари ИМА-ро ташкил медиҳанд. Ахири ҳафтаи гузашта дар лавҳаҳои саррофиҳо ин рақамҳо 6,52-6,54 сомонӣ дарҷ ёфта буданд.

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) алҳол бо чунин андоза якбора поинравии қурби доллари амрикоиро шарҳ намедиҳад. Ҳамчунин кормандони нуқтаҳои мубодилаи асъор, ки мо бо онҳо ҳамсуҳбат шудем, низ аз шарҳи ин масъала худдорӣ мекунанд.

Қобили қайд аст, ки шурӯъ аз нимаи дуюми соли гузашта тамоили поинравии қурби сомонӣ нисбати доллари ИМа оғоз гардида буд.

Тибқи маълумоти БМТ, соли гузашта қурби доллари ИМА нисбати сомонӣ тақрибан 10% боло рафта буд, аммо моҳи марти соли равон пули миллии кишвар бештар мавриди фишор қарор гирифт.

Дар ин робита раҳбарияти Бонки миллӣ оид ба қатъи фаъолияти нуқтаҳои мубодилаи асъори мутааллиқ ба шахсони воқеъӣ қарор қабул кард. Ҳамин тариқ, дар саросари кишвар фаъолияти аз нисф зиёди нуқтаҳои мубодилаи асъор (беш аз 800 адад) қатъ шуд.

Дар ҳамин ҳол, чанд рӯз қабл БМТ иттилоъ дод, ки ба санаи 15 майи соли равон 355 адади нуқтаҳои мубодилаи асъори басташуда ҳамчун муассисаи ташкилотҳои қарзӣ аз нав ба қайд гирифта шуда,

фаъолияти худро оғоз намуданд.

Зикр гардид, ки нуқтаҳои мубодилаи асъори шахсони воқеӣ то санаи 1 июли соли ҷорӣ метавонанд ба сохтори ташкилотҳои қарзӣ гузаранд.

Таъкид гардида буд, ки айни замон назорати ҳамарӯзаи бозори нақди асъор ва ҳолати талаботи истифодаи асъори хориҷӣ дар муомилоти дохилӣ аз ҷониби мақомотҳои дахлдор дар якҷоягӣ бо мутахассисони Бонки миллии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.

Дар ҳамин ҳол, аз оғози соли 2015 қурби сомонӣ нисбати доллари амрикоӣ дар Тоҷикистон қариб ба андозаи 20% поин рафт. Тибқи маълумоти Бонки миллӣ, ба санаи 1 январи соли равон қурбҳои миёнаи доллари ИМА нисбати арзи миллӣ ба  5,46 – 5,48 сомонӣ баробар буданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.