Ҳузури президент дар маросими ифтитоҳи машқгоҳи ҳарбӣ дар дараи Ромит

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 26 май ба мавзеи Марғоби дараи Ромити шаҳри Ваҳдат ташриф оварда, машқгоҳи ҳарбии кӯҳии воқеъ дар ин гӯшаи баландкӯҳро мавриди истифода қарор дод. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, президенти мамлакатро дар мавзеи Марғоби дараи Ромити шаҳри Ваҳдат роҳбарони ҳамаи сохторҳои қудратӣ ва […]

ASIA-Plus



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 26 май ба мавзеи Марғоби дараи Ромити шаҳри Ваҳдат ташриф оварда, машқгоҳи ҳарбии кӯҳии воқеъ дар ин гӯшаи баландкӯҳро мавриди истифода қарор дод.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, президенти мамлакатро дар мавзеи Марғоби дараи Ромити шаҳри Ваҳдат роҳбарони ҳамаи сохторҳои қудратӣ ва воҳидҳои низомӣ ва ҳамчунин роҳбарияти шаҳри Ваҳдат истиқбол гирифтанд.

Бо буридани лентаи рамзӣ ин машқгоҳи ҳарбии кӯҳӣ, ки барои машқу тамрин ва машғулиятҳои омодагии кӯҳӣ барои ҷузъу томҳои низомӣ ва воҳидҳои махсуси сохторҳои қудратӣ басо муҳим аст, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки “Тоҷикистон кишвари кӯҳсор аст, зеро 93% ҳудуди онро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, аз ин хотир ба омодагии кӯҳии ҷузъутомҳои низомӣ ва воҳидҳои махсуси сохторҳои қудратӣ бояд таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шавад”.

Зимни шиносоӣ бо ин қароргоҳи кӯҳистонӣ, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки дар ин ҷо тамоми шароити зарурӣ барои будубоши тӯлонӣ ва ё доимӣ ва барои ташкил ва гузарондани машғулиятҳои гуногуни омодагии кӯҳӣ, аз ҷумла кӯҳнавардӣ, обутоби ҷисмонӣ ва рӯҳӣ дар шароити душвори кӯҳистон, ба муддати тӯлонӣ зинда мондан дар ҳолатҳои муҳосира ва ё дур мондан аз марказҳои таъминотӣ ва ҳамчунин машғулиятгоҳҳои махсус барои задухӯрдҳои танбатан бо усулҳои гуногун, бозиҳои мухталифи варзишӣ ва ҳам тирпаронӣ аз намудҳои гуногуни яроқу аслиҳа омода гардида, ҳамчунин барои истироҳату фароғат ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ низ шароити зарурӣ муҳайё аст.

Мавриди зикр аст, ки дар ин машқгоҳи ҳарбии кӯҳӣ ба наздикӣ машқҳои муштараки ҷузъу томҳои Қӯшунҳои дохилӣ ва воҳидҳои махсуси мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистону Чин ташкил ва гузаронда мешавад ва рафти онро вазирони корҳои дохилии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мушоҳида хоҳанд кард.

Чунонки иттилоъ доданд, дар ин ҷо барои ба роҳ мондани чунин машқҳои васеъмиқёс ҳама омодагиҳо дида шудааст. Гузашта аз ин, худи ин мавзеъ барои ташкилу гузарондани машқҳои ҳарбии кӯҳӣ ва обутоби ҷисмонию рӯҳӣ ва аз обу оташ гузарондани низомиён басо мувофиқу тавъам аст.

Сарвари давлат дастур дод, ки ҳамаи сохторҳои қудратию воҳидҳои низомӣ аз ин мавзеъ барои омодасозии ҷузъу томҳои махсус ва кӯҳнавардии худ васеъ истифода намоянд.

Ба масъулини Вазорати корҳои дохилӣ ва шаҳри Ваҳдат ҳамчунин дастур дода шуд, ки дар ҷойҳои холӣ дарахтони сояафкану ороишӣ ва мевадиҳанда шинонда, дар барқарорсозии ҷангалзор ҳам дар ин мавзеъи зебои баландкӯҳ саҳмгузор бошанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.