Таъсиси ситоди таҳқиқи қазияи фармондеҳи ОМОН дар Прокуратураи генералӣ

Хешону наздикони фармондеҳи ОМОН ВКД Тоҷикистон Гулмурод Ҳалимов, ки аз пайвастанаш ба сафҳои ДИИШ хабар дод, хеле дар шигифтанд. Баъди аз худ хабар додан ва муроҷиат тариқи видео дар шабакаҳои иҷтимоӣ, хабарнигори «Азия-Плюс» ба зодгоҳи Гулмурод Ҳалимов – Дараи Фонӣ раҳсипор шуд. Дар он ҷо маълум шуд, ки ҳамсари полковники фирорӣ чанде дар хонаи волидонаш […]

ASIA-Plus



Хешону наздикони фармондеҳи ОМОН ВКД Тоҷикистон Гулмурод Ҳалимов, ки аз пайвастанаш ба сафҳои ДИИШ хабар дод, хеле дар шигифтанд.

Баъди аз худ хабар додан ва муроҷиат тариқи видео дар шабакаҳои иҷтимоӣ, хабарнигори «Азия-Плюс» ба зодгоҳи Гулмурод Ҳалимов – Дараи Фонӣ раҳсипор шуд. Дар он ҷо маълум шуд, ки ҳамсари полковники фирорӣ чанде дар хонаи волидонаш ба сар бурда, ҳамроҳи кӯдаконаш ба манзили худашон баргаштааст. Аз ин рӯ, бародарони Ҳалимов ба ворид шудани мо ба ин манзил монеъ шуда, изҳор намуданд, ки ҳамсари полковник аз ин ҳодиса бехабар аст ва онҳо аз вазъи солимии бе ин ҳам на он қадар хуби ӯ дар ташвишанд.

Назир Ҳалимов, бародари Гулмурод иброз дошт, ки аз ин хабар ҳамаи хешону наздикон хеле ба шигифт омаданд. Ӯ хеле мондашуда ва ғазаболуд ба назар мерасид. Эҳтимол наздикони полковникро аллакай бозпурсӣ карда бошанд.

Дар ҷамоати маҳаллӣ ва мактаби таҳсилкардаи Ҳалимов низ бо мо хуб муомила накарда, раиси ҷамоат моро тарк кард ва директори мактаб гуфт, бе иҷозати боло ҳарфе дар бораи Ҳалимов нахоҳад гуфт.

Дар ҳамин ҳол, Назир Ҳалимов қаблан дар мусоҳиба ба радиои «Озодӣ» изҳор кард, ки чеҳраву суханронӣ дар навори нашршуда ба бародараш шабоҳат дорад, аммо «риши ӯ хеле шубҳабарангез аст, зеро рӯи ӯ ҳеҷ гоҳ чунин риш намебаровард».

Др ҳоле, ки дар ин навор Гулмурод Ҳалимов аз сафарҳояш ба Амрико ва Русия қисса карда, бо нафрат ёд мекунад, бародараш мегӯяд, ёд дорад, ки пас аз бозгашт аз сафараш ӯ Амрикоро хеле васф карда буд.

«Русия солҳои 2003 ё 2004 рафта буд. Чун мо Русияро дида будем, аз Русия чизе намегуфт, аммо вақте аз Амрико баргашт, ин кишварро хеле таъриф карда буд. Гуфта буд, ки кору зиндагиашон хеле зӯр аст», – гуфтааст Назир Ҳалимов.

Гулмурод Ҳалимов соли 1975 дар ноҳияи Варзоб ба дунё омада, солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон дар сафҳои Гвардияи миллӣ хизмат кардааст. Пас аз гирифтани маълумот, дар низоми ВКД Тоҷикистон кор карда, аз унвони сержант то ба рутбаи половник ва фармондеҳи ОМОН расидааст. Ӯ дар амалиётҳо муқобили гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ дар Рашту Хоруғ ширкат варзидааст. Оиладор ва соҳиби 8 фарзанд мебошад.

Дар ҳамин ҳол, сардори Раёсати муносибатҳои байнулмилалӣ, таъминоти ҳуқуқӣ ва маркази иттилооти Прокуратураи генералии Тоҷикистон Манучеҳр Маҳмудзода ба «Азия-Плюс» хабар дод, ки айни замон ҷиҳати таҳқиқи ҳамаи маълумоти мавҷуда нисбати фармондеҳи ОМОН ситод таъсис дода шудааст. Ба ҳайати ситод кормандони ВКД, Прокуратураи генералӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ шомил шудаанд.

Ба гуфтаи Маҳмудзода, танҳо баъди омӯзишу таҳлили ҳамаи маълумоти мавҷудаи дар ихтиёри сохторҳои қудратӣ қарор дошта, ки на танҳо аз навори видеойӣ иборат аст, аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз мешавад. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.