Дар доираи иҷрои нақшаи чорабиниҳо бобати баргузории Конфронси байналмилалии амалиёти даҳсолаи «Об барои ҳаёт 2005-2015», ки рӯзҳои 9-11 июн дар шаҳри Душанбе барпо мешавад, Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе (ФБД ҳамаҷониба омодагӣ гирифт.
Тавре аз хадамоти матбуоти ФБД дар ин робита иттилоъ доданд, барои қабули ҳавопаймоҳои гуногунтамға техникаи хизматрасониҳои фурудгоҳӣ, ҳайати касбӣ, нафарони масъул вобаста шуда, таваққуфгоҳҳо аз нигоҳи намуд ва тамғаи ҳавопаймоҳо муайян карда шуд.
Дар назар аст, ки барои иштирок дар Конфронси байналмилаллӣ зиёда аз ҳазор нафар меҳмонон аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон ба Душанбе ташриф оранд. Аз ҷумла, танҳо аз СММ ташкилоти хурокворӣ ва хоҷагии қишлоқ, ЮНЕСКО, ташкилоти нигаҳдории беҳдошт, хазинаи кӯдакон, ташкилоти СММ оид ба об, ташкилоти занҳо ва дигарҳо барои иштирок розигӣ додаанд. Аз ташкилотҳои молиявии ҷаҳон роҳбарон ва намояндагони Бонки ҷаҳонӣ, Бонки Исломии рушд, Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд, Бонки Авроосиёгии рушд майли иштирок кардаанд. Дар маҷмӯъ намояндагон аз 72 ташкилоти СММ иштироки худро тасдиқ кардаанд.
Бо мақсади шиносоӣ бо омодагии фурудгоҳ ба қабули меҳмонони конфронс мудири шӯъбаи протоколи идораи хоҷагии Дастгоҳи иҷроияи Пезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон Аъзам Ҷӯрақулов ва муовини сардори шӯъбаи протоколи Вазорати корҳои хориҷии ҶТ Раҳимҷон Носиров аз фурудгоҳ боздид карданд. Бобати омодагии техникии фурудгоҳ муовини Директори генералии фурудгоҳи Душанбе Азиз Иброҳимов ва нафарони мутассадӣ маълумот доданд, сипас толорҳои қабул ва гусели меҳмонон, толорҳо ва бахшҳои дигари хизматрасонии Терминали №1 аз назар гузаронида шуда, майдонҳои назди фурудгоҳ, гулгаштҳо мавриди назар қарор гирифт.
Иброз дошта шуд, ки фурудгоҳи Душанбе барои қабули меҳмонони Конфронси байналмилалии Даҳсолаи амалиёти «Об барои ҳаёт 2005-2015», ки дар пойтахти кишвар, шаҳри Душанбе баргузор мегардад, пурра омода аст.



