Мусоидати хадамоти муҳоҷират ба дарёфти ҳудуди 1 млн. рубл маоши муҳоҷирон

Ҳафтаи ахир Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия бори навбатӣ ба дастрас шудани музди меҳнати муҳоҷирони кории тоҷик дар ҳаҷми 990 ҳазор рубл мусоидат намуд. Сухангӯи намояндагӣ Иброҳим Аҳмадов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки 650 ҳазор аз ин маблағро бригадаи бинокорони тоҷик дастрас кардаанд, ки аз […]

Аваз Юлдошев



Ҳафтаи ахир Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия бори навбатӣ ба дастрас шудани музди меҳнати муҳоҷирони кории тоҷик дар ҳаҷми 990 ҳазор рубл мусоидат намуд.

Сухангӯи намояндагӣ Иброҳим Аҳмадов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки 650 ҳазор аз ин маблағро бригадаи бинокорони тоҷик дастрас кардаанд, ки аз моҳи декабри соли 2014 дар ҶДММ «Виккос»-и шаҳри Маскав машғули кор буда, ба онҳо музди меҳнаташонро пардохт накардаанд.

Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин бо мусоидати намояндагӣ ба муҳоҷирони тоҷики машғули кор дар ҶДММ «Строй-Сервис» дар минтақаи Урал, зодагони ноҳияи Нуробод Маҳмадалӣ Сангов ва Муродалӣ Сафаров музди меҳнаташон дар ҳаҷми 172 ҳазор ва 118 ҳазор пардохт карда шудааст.

Зимнан зикр гардид, ки баъди муроҷиат ба намояндагӣ ба муҳоҷирони кории тоҷик Санавбар Сафарова (Варзоб), Фирӯза Мирзомуддинова (Бохтар), Гулнора Одинаева (Қубодиён) ва Мамлакат Имомова (Конибодом), ки дар муассисаҳои гуногуни хӯроки умумии шаҳри Екатеринбург кор мекардаанд, дар маҷмӯъ ба дастрасии беш аз 160 ҳазор музди меҳнаташон мусоидат карда шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.