«Мошинбозор» аз пойтахт берун бароварда мешавад

Имрӯз, 1 июни соли 2015 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе  таҳти садорати раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев бо иштироки роҳбарони сохторҳои марбутаи мақомоти намояндагию иҷроияи шаҳрию ноҳиявӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва назорати давлатию ҷамъиятӣ ҷаласаи васеи кории шаҳрдорӣ баргузор гардид. Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории Душанбе, зимни ҷаласа роҳбарияти сохторҳои марбутаи […]

ASIA-Plus



Имрӯз, 1 июни соли 2015 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе  таҳти садорати раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев бо иштироки роҳбарони сохторҳои марбутаи мақомоти намояндагию иҷроияи шаҳрию ноҳиявӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва назорати давлатию ҷамъиятӣ ҷаласаи васеи кории шаҳрдорӣ баргузор гардид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории Душанбе, зимни ҷаласа роҳбарияти сохторҳои марбутаи шаҳрдорӣ  вазифадор карда шуданд, ки дар доираи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда оиди қатъ намудани фаъолияти мошинбозор ва аз марзи шаҳр берун баровардани он, тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.

Ғайр аз ин, раиси пойтахт таваҷҷуҳи ҳозиринро ба пешгирии воридшавии нақлиёти дорои литсензия набуда ба пойтахт, аз байн бурдани ҳолатҳои ҷойдоштаи бенизомию танбашавии ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар хатсайрҳо ва пурзӯр намудани назорати прокурорӣ нисбати хилофкорони қонун ҷалб намуд.

Ҳамзамон дар ҷаласа вазъи санитарию эпидемиологии шаҳр, барориши саривақтии партовҳои сахти маишӣ, вусъати тадбирҳо оид ба таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ ва рафъи садамаҳои бамиёноянда, аз байн бурдани савдои кӯчагӣ, назорати дахлдор нисбати нуқтаҳои фурӯши нӯшокиҳои ташнашикан, ҳолати роҳ, наҳру селпартоҳо ва риояи меъёрҳои истифодабарии дарёҳои марзгузари шаҳр, пешгирии ғасби худсаронаи замин, ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ, реклама ва ороиши мақсадноку мавзӯии шаҳр, тавсеаи барномаҳо баҳри таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва масъалаи ҳар ҳафта рӯзҳои панҷшанбе ҳадафманд доир намудани Рӯзҳои шаҳр дар ноҳияҳои он баррасӣ шуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.