Ҷасади муҳоҷири тоҷики дар Ярославл худкушикарда ба ватан оварда шуд

Бо мусоидати намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия оид ба муҳоҷират ва роҳбари диаспораи тоҷикон дар вилояти Ярославл Рустам Мирзохоҷаев ҷасади муҳоҷири тоҷик, сокини ноҳияи Темурмалик Амонулло Қувандикови 23-сола, ки дар маҳалли сохтмон даст ба худкушӣ зад, ба ватан фиристода шуд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии намояндагӣ Иброҳим Аҳмадов […]

Аваз Юлдошев



Бо мусоидати намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия оид ба муҳоҷират ва роҳбари диаспораи тоҷикон дар вилояти Ярославл Рустам Мирзохоҷаев ҷасади муҳоҷири тоҷик, сокини ноҳияи Темурмалик Амонулло Қувандикови 23-сола, ки дар маҳалли сохтмон даст ба худкушӣ зад, ба ватан фиристода шуд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии намояндагӣ Иброҳим Аҳмадов хабар дод.

Тавре қаблан иттилоъ дода шуда буд, шаҳрванди 23-солаи Тоҷикистон, ки дар сохтмони манзили зист дар деҳаи Устйеи ноҳияи Ярославл машғули кор буд, дар ҷойи кораш худро ба дор овехт.

Ба гуфтаи як хеши ӯ, ахиран марҳум аз дарди сар шикоят доштааст, ки баъди ҷароҳат бардоштан зимни кор ӯро бештар азият медодааст.

А Қувандиков дар сохтмони манзил ба корҳои ороишу пардоз машғул буда, қаблан дар бораи даст ба худкушӣ хадан ҳарфе намегуфтааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.