Шикояти сокинони манзилҳои баландошёнаи маҳаллаи Зарафшон аз мушкилоти об



Як гурӯҳ сокинони манзилҳои зисти нуҳошёнаи №№8, 10, 14, 15, 13, 16, 19,20 ва 22-и маҳаллаи Зарафшони пойтахт бо шикоят аз мушкилоти таъминот бо об, ки аз ахири моҳи июн зиёдтар шудааст, ба идораи «Азия-Плюс» муроҷиат карданд.

Ба гуфтаи сокини манзили №14 Турсун Саидов, то оғози даҳаи сеюми моҳи май сокинони манзилҳои нуҳошёна мунтазам аз соти 5-00 то 24-00 бо оби ошомиданӣ таъмин буданд. «Аллакай муддати як ҳафта аст, ки рӯзона ба хонаҳои мо об намеояд ва бо таваққуфҳо се-чор соат об дода мешавад», – қайд кард сокини маҳалла Шаҳобиддин Зиёев.

Сокинони маҳалла изҳор мекунанд, ки қаблан ҳам мушкилоти таъминот бо оби ошомиданӣ вуҷуд дошт, вале он замон мақомоти дахлдор тариқи ВАО ё идораҳои марбут ба хоҷагии манзилию коммуналӣ аҳолиро огоҳ мекарданд, то ки онҳо барои як вақти муайяне обро захира намоянд.

«Рӯзи 1 июн тавассути ТВ «Пойтахт» мо аз дастури раиси шаҳри Душанбе ба сохторҳои марбутаи шаҳр оид ба андешидани тадбирҳои таъҷилӣ ҷиҳати таъмини аҳолӣ бо оби ошомиданӣ огоҳ гардидем ва аз ин бармеояд, ки мансабдорони пойтахт дастурҳои раиси шаҳрро нодида мегиранд», – мегӯянд сокинони манзилҳои баландошёнаи маҳалла.

Қобили зикр аст, ки аз сокинони маҳаллаҳои дигари шаҳр низ ба идораи «Азия-Плюс» ба ин монанд хабарҳо мерасанд.

spot_imgspot_img

Популярное