Русия ва Тоҷикистон баъзе нақшаҳои ҳарбиро тасҳеҳ карданианд



Дар шаҳри Душанбе рӯзи 4 июн вохӯрии вазирони мудофиаи Тоҷикистону Русия генерал-лейтенант Шералӣ Мирзо ва генерали артиш Сергей Шойгу баргузор шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати мудофиаи Русия, зимни мулоқот Сергей Шойгу изҳор намудааст, ки дар бахши низомӣ Русия ва Тоҷикистон тарҳҳои зиёди ҳамкорӣ доранд, ки чанде аз онҳоро мебояд тасҳеҳ кард.

«Мо тарҳҳои бузурге дорем, ки аз ҷониби сарони кишварҳоямон тасдиқ шудаанд. Имрӯз мо ҷараёни амалисозии онҳоро баррасӣ ва дар бораи дурнамои рушди минбаъдаи муносибатҳоямон гуфтушунид мекунем», – иброз доштааст С.Шойгу.

Вазири мудофиаи Русия ҳамчунин қайд кардааст, ки зимни вохӯрӣ «ба нақшаҳои ҳамкории дуҷониба аз рӯи натиҷаҳои размоишу санҷишҳо, ки ахиран доир гардиданд, мебояд баъзе тасҳеҳҳо ворид кард».

Сергей Шойгу ҳамзамон зикр кардааст, ки таъмини амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ бештар ба амалҳои ҳамоҳангшудаи Қувваҳои Мусаллаҳи Русия ва Тоҷикистон вобастаанд ва аз ин рӯ, ба баланд бардоштани сатҳи омодабоши ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ва пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар ин кишвар мебояд таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуд.

Гуфта мешавад, дар навбати худ вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо изҳор доштааст, ки ин сафари нахустини генерали ариш Сергей Шойгу ба сифати вазири мудофиаи Русия ба Тоҷикистон аст. «Бо таваҷҷуҳи хосса ба ин сафар, мо таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ миёни кишварҳоямонро интизорем», – гуфтааст Шералӣ Мирзо.

spot_imgspot_img

Популярное