Прокурори генералӣ: ҳудуди 60 нафар тоҷикистониён барои ДИИШ ҳалок шуданд

Прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон чанде қабл зимни мулоқот бо намояндагони аҳли ҷомеаи шаҳрҳои Исфараву Конибодом ва ноҳияи Ашти вилояти Суғд изҳор намудааст, ки то имрӯз барои Давлати исломии Ироқу Шом (ДИИШ) ҳудуди 60 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар Ироқу Сурия ҳалок шудаанд. Котиби матбуотии раиси шаҳри Исфара Иқбол Тешаев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ […]

ASIA-Plus



Прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон чанде қабл зимни мулоқот бо намояндагони аҳли ҷомеаи шаҳрҳои Исфараву Конибодом ва ноҳияи Ашти вилояти Суғд изҳор намудааст, ки то имрӯз барои Давлати исломии Ироқу Шом (ДИИШ) ҳудуди 60 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар Ироқу Сурия ҳалок шудаанд.

Котиби матбуотии раиси шаҳри Исфара Иқбол Тешаев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки прокурори генералии ҷумҳурӣ ҳамчунин гуфтааст, айни замон тақрибан 300 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар сафҳои ДИИШ меҷанганд, ки синнашон аз 18 то 35-соларо ташкил медиҳад ва танҳо аз шаҳри Исфара дар ин сафҳо 40 нафар дар Сурия ва Ироқ ҳузур доранд.

Юсуф Раҳмон қайд кардааст, ки беш аз 40 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон бо ҳамсару фарзандони худ ба ҷанги Ироқу Сурия раҳсипор шудаанд, ки минбаъд ҳамсар ва фарзандони ҷангиёни ҳалокшуда ба ғуломони ҷангиёни ДИИШ табдил меёбанд.

Прокурори генералӣ аз сокинони ин шаҳру навоҳӣ даъват кардааст, ки ба таълиму тарбияи кӯдакон, пешгирии қонуншиканӣ миёни ҷавонон ва дода нашудан ба даъватҳои созмонҳои террористӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намоянд. «Дар шабакаи Интернет имрӯз зиёда аз 7 ҳазор адад сомонаҳои ин гуна созмонҳои террористӣ фаъолият доранд», – таъкид доштааст прокурори генералӣ.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.