Ҷаласаи вазирони корҳои дохилӣ ва бехатарии ҷамъиятии давлатҳои узви СҲШ дар шаҳри Душанбе бо имзои Протокол ба итмом расид.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД ҶТ, бо фармони вазири корҳои дохилии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милиса Рамазон Раҳимзода барои иштирок дар ҷамъомад, саҳми арзанда дар таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба, муборизаи дастаҷамъона алайҳи таҳдид ва хатарҳои ҷаҳони муосир, генерал-полковники политсия Владимир Колоколсев – вазири корҳои дохилии Русия, генерал-полковники политсия Калмуханбет Касимов – вазири корҳои дохилии Ҷ Қазоқистон, генерал-майори милитсия Мелис Турганбаев – вазири корҳои дохилии Қирғизистон, Го Шенкун – вазири бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Халқии Хитой, Баҳодир Қурбонов – муовини вазири корҳои дохилии Ӯзбекистон, Намик Демир – муовини вазири корҳои дохилии Туркия, Нурулҳақ Улумӣ – вазири умури дохилаи Афғонистон ва Абдулризо Раҳмонии Фазлӣ – вазири кишвари Эрон бо нишони сарисинагии «Корманди фахрии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида шуданд.





