Ахири ҳафтаи сипаришуда (рӯзҳои 6-7 июн) дар бинои Китобхонаи миллӣ дар доираи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба натиҷаҳои татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, 2005-2015 Форуми об вобаста ба кӯдакон баргузор шуд.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, мақсади Форум пешниҳоди имконият ба кӯдакон ва наврасон ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаи фаъолияти ҷамъиятӣ мебошад, ки ин ба онҳо имконият медиҳад, то дар муҳокимаҳои ҷаҳонӣ вобаста ба таъмини ҳаррӯзаи кӯдакон бо об, беҳдошт ва гигиена дар ҳама сатҳи зиндагӣ – хона, ҷамъият, мактуб ва дар вақти офатҳои табиӣ ширкат варзанд.
Дар ин Форум кӯдакон аз 13 кишвари олам, аз ҷумла Тоҷикистон, Озарбойҷон, Беларус, Боливия, Бразилия, Замбия, Қирғизистон, Руминия, Украина, ИМА, Туркманистон, Филиппин ва Ҷумҳурии Корея иштирок карданд.
Натиҷаи ниҳоии Форуми об вобаста ба кӯдакон дар ҷаласаи ифтитоҳии Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба натиҷаҳои татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, 2005-2015 9-10 июни соли 2015 аз ҷониби кӯдакон пешниҳод карда хоҳад шуд.
Дар доираи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба натиҷаҳои татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, 2005-2015 чор чорабиниҳои пеш аз конфронсӣ пешбинӣ шудаанд.
Чорабиниҳои пеш аз конфронсӣ ба мавзӯҳои зерин бахшида мешаванд: 1. Об ва кӯдакон 2. Об ва масоили гендерӣ, 3. Об ва кӯҳҳо 4. Об ва кишварҳои кам рушдкарда ва давлатҳои хурди ҷазиравии рӯ ба инкишоф.




