Форуми оби вобаста ба кӯдакон дар Душанбе

Ахири ҳафтаи сипаришуда (рӯзҳои 6-7 июн) дар бинои Китобхонаи миллӣ дар доираи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба натиҷаҳои татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, 2005-2015 Форуми об вобаста ба кӯдакон баргузор шуд. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, мақсади Форум пешниҳоди имконият ба кӯдакон ва наврасон ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи дониш ва […]

ASIA-Plus



Ахири ҳафтаи сипаришуда (рӯзҳои 6-7 июн) дар бинои Китобхонаи миллӣ дар доираи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба натиҷаҳои татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, 2005-2015 Форуми об вобаста ба кӯдакон баргузор шуд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, мақсади Форум пешниҳоди имконият ба кӯдакон ва наврасон ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаи фаъолияти ҷамъиятӣ мебошад, ки ин ба онҳо имконият медиҳад, то дар муҳокимаҳои ҷаҳонӣ вобаста ба таъмини ҳаррӯзаи кӯдакон бо об, беҳдошт ва гигиена дар ҳама сатҳи зиндагӣ – хона, ҷамъият, мактуб ва дар вақти офатҳои табиӣ ширкат варзанд.

Дар ин Форум кӯдакон аз 13 кишвари олам, аз ҷумла Тоҷикистон, Озарбойҷон, Беларус, Боливия, Бразилия, Замбия, Қирғизистон, Руминия, Украина, ИМА, Туркманистон, Филиппин ва Ҷумҳурии Корея иштирок карданд.

Натиҷаи ниҳоии Форуми об вобаста ба кӯдакон дар ҷаласаи ифтитоҳии Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба натиҷаҳои татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, 2005-2015 9-10 июни соли 2015 аз ҷониби кӯдакон пешниҳод карда хоҳад шуд.

Дар доираи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба натиҷаҳои татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, 2005-2015 чор чорабиниҳои пеш аз конфронсӣ пешбинӣ шудаанд.

Чорабиниҳои пеш аз конфронсӣ ба мавзӯҳои зерин бахшида мешаванд: 1. Об ва кӯдакон 2. Об ва масоили гендерӣ, 3. Об ва кӯҳҳо 4. Об ва кишварҳои кам  рушдкарда ва давлатҳои хурди ҷазиравии рӯ ба инкишоф.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз даргузашти Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.