Тадбирҳои мушаххаси пешгирии ҷалби тоҷикистониён ба равияҳои ифротгаро дар Русия

Рӯзи 6 июн вазири корҳои дохилии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо вазири корҳои дохилии Русия генерал-полковники политсия Владимир Колоколсев дидору гуфтушунид кард. Дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон дар шарҳи ин хабар менависад, зимни вохӯрии дуҷониба масъалаҳои пешгирии ҷалби шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҳар гуна равия ва гурӯҳҳои ифротгаро дар Русия ва зиёд намудани шумораи курсантон […]

ASIA-Plus



Рӯзи 6 июн вазири корҳои дохилии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо вазири корҳои дохилии Русия генерал-полковники политсия Владимир Колоколсев дидору гуфтушунид кард.

Дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон дар шарҳи ин хабар менависад, зимни вохӯрии дуҷониба масъалаҳои пешгирии ҷалби шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҳар гуна равия ва гурӯҳҳои ифротгаро дар Русия ва зиёд намудани шумораи курсантон дар Донишгоҳҳои олии ин кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ба иттилои манбаъ,  Владимир Колоколсев изҳор намудааст, ки ҷиҳати пешгирии шомилшавии шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ дар қаламрави Русия тадбирҳои мушаххас андешида хоҳад шуд.

Гуфта мешавад, дар ҷараёни вохӯрӣ зикр гардидааст, ки ҷонибҳо барои боз ҳам тақвият додани ҳамкориҳо дар самти мубориза бар зидди ҷинояту ҷинояткорӣ, мубодилаи иттилоот ва  омода намудани кадрҳои баландихтисос ҳамеша омодаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз даргузашти Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...