Кумаки Эмомалӣ Раҳмон ба аҳолии ниёзманди Бадахшон

Субҳи рӯзи якшанбе, 7 июн бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади дастгирии иҷтимоии ятимону маъюбон, бепарасторон ва оилаҳои камбизоати Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, корвони иборат аз 76 мошинҳои пурбор ба роҳ баромад. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, тибқи маълумот ба 8597 оилаҳои камбизоат ва ниёзманди вилоят дар ҳаҷми умумии 1100 […]

ASIA-Plus



Субҳи рӯзи якшанбе, 7 июн бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади дастгирии иҷтимоии ятимону маъюбон, бепарасторон ва оилаҳои камбизоати Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, корвони иборат аз 76 мошинҳои пурбор ба роҳ баромад.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, тибқи маълумот ба 8597 оилаҳои камбизоат ва ниёзманди вилоят дар ҳаҷми умумии 1100 тонна маводи ғизоӣ ва илова бар ин, ба 670 нафар тарбиягирандагони мактаб – интернатҳои вилоят ва 77 нафар ятимони кулл сару либос ва пойафзол, инчунин ба маъюбон аробачаҳои маъюбӣ ва дигар воситаҳои техникии тавонбахшӣ кумак карда мешавад.

Гуфта мешавад, арзиши умумии маводу маҳсулоте, ки ба сокинони ниёзманди вилоят фиристода шуд, панҷуним миллион сомониро ташкил дода, кумаки зикршуда беш аз 60 ҳазор нафар аҳолии вилоятро фаро мегирад.

Зимнан зикр мегардад, ки бо мақсади ба таври шаффофу мақсаднок дастрас намудани молу маҳсулот аз ҳисоби аъзои Ҳукумати мамлакат, кормандони масъули Дастгоҳи иҷроияи Президент ва роҳбарони шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон гурӯҳи корӣ таъсис дода шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.