Субҳи имрӯз, 9 июн Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун ҷиҳати иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба натиҷаҳои татбиқи даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», 2005-2015 ба шаҳри Душанбе ташриф овард.
Дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе Дабири кулли СММ-ро вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов пешвоз гирифт.
Имрӯз дидору гуфтушуниди Дабири кулли СММ бо президенти Тоҷикистон ва боздиди ӯ аз кӯли Сарез дар назар аст.




