Боздиди роҳбари Бунёди Зайдел аз парлумони Тоҷикистон

Рӯзи 8 июн муовини аввали раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ бо роҳбари лоиҳаи Бунёди Ҳаннс Зайдели Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Осиёи Марказӣ доктор Макс Георг Майер мулоқот намуд. Бино ба иттилои сомонаи расмии МНМО ҶТ, дар мулоқот зикр гардид, ки Бунёди Ҳаннс Зайдели Ҷумҳурии Федеративии Олмон соли 1967 таъсис ёфта, то […]

ASIA-Plus



Рӯзи 8 июн муовини аввали раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ бо роҳбари лоиҳаи Бунёди Ҳаннс Зайдели Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Осиёи Марказӣ доктор Макс Георг Майер мулоқот намуд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии МНМО ҶТ, дар мулоқот зикр гардид, ки Бунёди Ҳаннс Зайдели Ҷумҳурии Федеративии Олмон соли 1967 таъсис ёфта, то кунун дар  омода намудани зиёда аз 400-нафар мутахассисони тоҷик дар риштаҳои гуногун саҳми худро гузоштааст. Имрӯз Бунёди мазкур дар 60-давлати калонтарини дунё фаъолият менамояд.

Таъкид шуд, ки  Бунёди Ҳаннс Зайдели Ҷумҳурии Федеративии Олмон соли 2002 намояндагии минтақавии худро дар Осиёи Марказӣ, дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон расман ифтитоҳ намуд, ки роҳбарии онро доктор Макс Георг Майер ба уҳда дорад. Соли 2009  Бунёди Ҳаннс Зайдел бо мувофиқаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориро оид ба тайёр намудани мутахассисони соҳаи идоракунии давлатӣ бо донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси созишнома имзо намуд.

Абдуҷаббор Азизӣ ҳамчунин иброз намуд, ки соли шашум аст, Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар асоси созишномаи ҳамкорӣ бо Бунёди Ҳаннс Зайдел тайёр намудани магистантҳоро аз ҳисоби хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи ихтисоси «Идоракунии давлатӣ» ба роҳ мондааст. Мо, -гуфт Абдуҷаббор Азизӣ аз он хушнудем, ки мақсади асосии фаъолияти Бунёди мазкур, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз ҳама баланд бардоштани сатҳи тахассусии касбии хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Танҳо дар шаш соли охир тавасути ҳамкорӣ бо дастгирии молиявии Бунёди Ҳаннс Зайдели Ҷумҳурии Федеративии Олмон, дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 365 нафар хизматчиёни давлатӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Аз ин шумора 128 нафарашон занон мебошанд. Аз мақомоти марказӣ 153 нафар ва аз мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлат212 нафар ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Дар мулоқот, ҳамчунин дигар мавзӯоти мавриди таваҷҷӯҳи ҷонибҳо баррасӣ шуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.