Дар мулоқоти президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо муовини сарвазири Туркманистон Аннагелди Язмуродов масоили вобаста ба рушди минбаъдаи ҳамкории ду кишвар баррасӣ шуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ба масъалаҳои ҳамгироии судбахши ду кишвар дар соҳаҳои иқтисод ва тиҷорат, нақлиёт, боркашонӣ, обу энергетика, маориф ва фарҳанг таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.
Таъкид гардид, ки барои татбиқи босамари санадҳои миёни ду кишвар имзошуда ва қарорҳои комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ бояд саъю кӯшиши бештар ба харҷ дода шавад.
Изҳори бовар карда шуд, ки бо фаъол гардидани роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон робитаҳои ду кишвар ба марҳилаи сифатан нав ворид мегарданд.
Ҳарду ҷониб ба густариши минбаъдаи муносиботи гуногунпаҳлӯи судбахш ҳавасмандии амиқ зоҳир намуданд.



