Расидагии раиси пойтахт ба мушкилоти сокинони маҳаллаҳои Алочабофон ва Ором



Субҳи имрӯз, 11 июн комиссияи махсуси мақомоти шаҳрдории пойтахт ба шиносоӣ бо мушкилоти маҳаллаҳои Алочабофон ва Ороми ноҳияи Фирдавсӣ шурӯъ намуд.

Тавре як манбаъ аз шаҳрдории Душанбе ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ҳайати комиссия аз кормандони хадамоти коммуналӣ, шабакаҳои обтаъминкуниву барқ, идораи истифодаи роҳҳо ва ҳамчунин намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ иборат буда, давоми рӯз онҳо бо сокинони ин маҳаллаҳо мулоқот мекунанд ва арзу шикоят ва пешниҳодҳои онро мешунаванд.

«Шоми имрӯз дар маҷлисгоҳи мактаби таҳсилоти умумии №17-и ноҳияи Фирдавсӣ бо иштироки раиси пойтахт аз кори комиссия натиҷагирӣ шуда, ба сохторҳои дахлдор ҷиҳати бартараф кардани мушкилоти ошкоршуда супоришу дастурҳои мушаххас дода мешаванд», – гуфт манбаъ.

spot_imgspot_img

Популярное