Мусоидати амири Қатар ба озодии марзбонони тоҷик



Бо мусоидати амири Қатар Шайх Тамим Бин Ҳаммад Ал-Сонӣ чор нафар марзбонони тоҷик, ки рӯзи 19 декабр аз ҷониби ҷангиёни ҳаракати Толибон асир гирифта шуда буданд, озод гардиданд. Дар ин бора дар маълумоти интишорнамудаи Вазорати корҳои хориҷии Қатар иттилоъ дода мешавад.

Марзбонони хизмати ҳатмии ҳарбӣ Фарҳод Калонови 19-сола, Сироҷ Давлатови 24-сола, Тӯйчибоӣ Нурбоеви 19-сола ва Меъроҷиддин Шодиеви 21-сола рӯзи 19 декабри соли 2014 ҳангоми ҷамъоварии ҳезум бо супориши фармондеҳашон ба асорат афтода буданд. Ҳамаи онҳо дар қисми низомии 2610-и дастаи сарҳадбонии Панҷ адои хизмат мекарданд.

Марзбонони тоҷик ҳудуди ним сол таҳти назорати ҳаракати Толибон дар асирӣ дар Афғонистон қарор доштанд.

Ҳангоми дар асорат қарор доштани онҳо, суди ҳарбии гарнизони Хатлон  ҳамон замон иҷрокунандаи вазифаи сардори дастаи сарҳадбонии «Панҷ» Алимуҳаммад Додокалоновро ба 8,5 соли зиндон маҳкум намуд, зеро маҳз бо супориши ӯ марзбонон барои ҷамъоварии ҳезум ба марз бо Афғонистон рафта буданд. Ҳамчунин ронандаи қисми низомӣ Умедҷон Сангов, ки А.Додокалонов ва марзбононро зимни ҷамъоварии ҳезум ҳамроҳӣ карда буд, низ ҷаримабандӣ шуд.

Аввали моҳи январ мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ итминон дода буд, ки марзбонони асир дар фурсати наздиктарин раҳо карда мешаванд, вале баъдан ба раҳбарияти ноҳияи мазкур хабар доданд, ки марзбонони асирро аз вулусволии Имом Соҳиб ба дигар мавзеъ интиқол дода, акнун аз онҳо дигар хабаре нест. Айни замон марзбонон озод гардида, вале алҳол макони будубоши онҳо маълум нест.

spot_imgspot_img

Популярное