Мусоидати амири Қатар ба озодии марзбонони тоҷик

Бо мусоидати амири Қатар Шайх Тамим Бин Ҳаммад Ал-Сонӣ чор нафар марзбонони тоҷик, ки рӯзи 19 декабр аз ҷониби ҷангиёни ҳаракати Толибон асир гирифта шуда буданд, озод гардиданд. Дар ин бора дар маълумоти интишорнамудаи Вазорати корҳои хориҷии Қатар иттилоъ дода мешавад. Марзбонони хизмати ҳатмии ҳарбӣ Фарҳод Калонови 19-сола, Сироҷ Давлатови 24-сола, Тӯйчибоӣ Нурбоеви 19-сола ва […]

Аваз Юлдошев



Бо мусоидати амири Қатар Шайх Тамим Бин Ҳаммад Ал-Сонӣ чор нафар марзбонони тоҷик, ки рӯзи 19 декабр аз ҷониби ҷангиёни ҳаракати Толибон асир гирифта шуда буданд, озод гардиданд. Дар ин бора дар маълумоти интишорнамудаи Вазорати корҳои хориҷии Қатар иттилоъ дода мешавад.

Марзбонони хизмати ҳатмии ҳарбӣ Фарҳод Калонови 19-сола, Сироҷ Давлатови 24-сола, Тӯйчибоӣ Нурбоеви 19-сола ва Меъроҷиддин Шодиеви 21-сола рӯзи 19 декабри соли 2014 ҳангоми ҷамъоварии ҳезум бо супориши фармондеҳашон ба асорат афтода буданд. Ҳамаи онҳо дар қисми низомии 2610-и дастаи сарҳадбонии Панҷ адои хизмат мекарданд.

Марзбонони тоҷик ҳудуди ним сол таҳти назорати ҳаракати Толибон дар асирӣ дар Афғонистон қарор доштанд.

Ҳангоми дар асорат қарор доштани онҳо, суди ҳарбии гарнизони Хатлон  ҳамон замон иҷрокунандаи вазифаи сардори дастаи сарҳадбонии «Панҷ» Алимуҳаммад Додокалоновро ба 8,5 соли зиндон маҳкум намуд, зеро маҳз бо супориши ӯ марзбонон барои ҷамъоварии ҳезум ба марз бо Афғонистон рафта буданд. Ҳамчунин ронандаи қисми низомӣ Умедҷон Сангов, ки А.Додокалонов ва марзбононро зимни ҷамъоварии ҳезум ҳамроҳӣ карда буд, низ ҷаримабандӣ шуд.

Аввали моҳи январ мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ итминон дода буд, ки марзбонони асир дар фурсати наздиктарин раҳо карда мешаванд, вале баъдан ба раҳбарияти ноҳияи мазкур хабар доданд, ки марзбонони асирро аз вулусволии Имом Соҳиб ба дигар мавзеъ интиқол дода, акнун аз онҳо дигар хабаре нест. Айни замон марзбонон озод гардида, вале алҳол макони будубоши онҳо маълум нест.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.