Табибони тоҷик барои муҳоҷирон марказӣ тиббӣ кушоданд

Сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов рӯзи 12 июн аз маркази бисёрсоҳаи тиббии «Маяк»-и шаҳри Маскав боздид намуд, ки асосан ба шаҳрвандони хориҷӣ – муҳоҷирони кории шаҳр ва вилояти Маскав хизматгузорӣ мекунад. Тавре хадамоти матбуоти сафорати ҶТ дар Русия дар ин робита иттилоъ медиҳад, дар суҳбат бо сафир сардухтури маркази тиббӣ, ҳамватани мо Аҳад Бурҳонов […]

Аваз Юлдошев



Сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов рӯзи 12 июн аз маркази бисёрсоҳаи тиббии «Маяк»-и шаҳри Маскав боздид намуд, ки асосан ба шаҳрвандони хориҷӣ – муҳоҷирони кории шаҳр ва вилояти Маскав хизматгузорӣ мекунад.

Тавре хадамоти матбуоти сафорати ҶТ дар Русия дар ин робита иттилоъ медиҳад, дар суҳбат бо сафир сардухтури маркази тиббӣ, ҳамватани мо Аҳад Бурҳонов ва муовини директори марказ Канат Умедбеков иҳор доштаанд, ки маркази тиббии мазкур нав ба фаъолият шурӯъ намудааст.

Кормандони марказ мақсад доранд, ки вазъи мушкили беморонро сабуктар сохта, ба онҳо имкон фароҳам созанд, ки ҳуқуқи худ ба дастрасии кумаки касбии тиббӣ аз рӯйи тариф ва нархҳои пасттарин дар бозори хизматгузории тиббии шаҳри Маскавро амалӣ намоянд.

Ба қавли сардухтур, дар марказ ҳам кумаки аввалияи тиббиву санитарӣ ва ҳам кумаки махсуси тиббӣ пешниҳод гардида, сарфи назар аз кадом кишвар будан, патент доштан ё надоштан ва дар куҷо кор кардан, дарҳои он барои ҳамаи муҳоҷирони корӣ боз аст.

«Дар марказ якчанд табибони дорои сатҳи баланди тахассуси касбӣ аз Тоҷикистон фаъолият дошта, табиби дараҷаи олӣ Эдил Мукашев марказро роҳбарӣ мекунад. Ҳайати мутахасссисони «Маяк» беш аз 30 нафар табибони 15 ихтисоси гуногунро дар бар мегирад, ки миёни онҳо номзадҳои илми тиб, табибони дараҷаи олии касбӣ бо таҷрибаи зиёди фаъолият ҳузур доранд», – иброз дошт сардухтур.

Дар навбати худ Имомуддин Сатторов ба кормандони марказ барои кумак ба муҳоҷирони корӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон миннатдорӣ изҳор намуда, ҳамчунин дархост намуд, ки ҷиҳати такмили сифати кумак ба беморон, аз ҷумла беҳбуди шароити марказ аз лиҳози моддиву техникӣ, имконот дарёфт шавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.