Як ҳайати намояндагони Эрон таҳти сарварии Муҳаммадносир Некбахт, волии музофоти Ҳамадонӣ аз вилояти Хатлон боздид намуданд.
Имрӯз, 15 июн меҳмонони эрониро раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ба ҳузур пазируфт. Пас аз вохӯрӣ Муҳаммадносир Некбахт ба журналистон изҳор намуд, ки ҳайат аз вакилони музофот, роҳбарони бахшҳои иқтисод, соҳибкорон ва арбобони фарҳангу ҳунар иборат аст.
«Бо раиси вилояти Хатлон имрӯз мо масъалаи роҳандозии ҳамкории минбаъдаи дуҷонибаро баррасӣ намудем. Ният дорем, ки дар вилояти Хатлон намоишгоҳи маҳсулоти музофоти Хуросонро барпо кунем. Ҳамчунин сари дар кадом самтҳои барои тарафайн судманд роҳандозиву густариши ҳамкориҳо андеша хоҳем кард», – гуфт ӯ.
Қобили зикр аст, ки зимни сафар ба вилояти Хатлон ҳайати эронӣ бо фаъолияти ҶСП «Ресанда»-и шаҳри Қӯрғонтеппа шинос шуда, ба Донишгоҳи ба номи Носири Хусрави маркази вилоят низ ташриф овард ва сипас ба минтақаи Кӯлоб раҳсипор шуд.



