Анонс
– Дар Дафтари САҲА дар Тоҷикистон (кӯч. Аҳмади Дониш 18а) вохӯрии нуҳуми ҳамасолаи Гурӯҳи ҳадафнок гузаронида мешавад, ки дар он аз фаъолияти САҲА дар Тоҷикистон натиҷагирӣ шуда, мақсаду вазифаҳо барои соли 2016 ва имконоти ҳамкории дарозмуҳлат баррасӣ мешаванд. Оғоз соати 09-00;
– Дар Варзишгоҳи миллӣ дар Дакка (Бангладеш) миёни тимҳои мунтахаби Бангладеш ва Тоҷикистон бозии даври дуюми марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2018 оид ба футбол баргузор мешавад;
– Дар толори конфронси меҳмонхонаи «Шератон Душанбе» (кӯч. Айнӣ, 48) дар мавзӯи «Иқдомҳои амалӣ оид ба рушди иқтисоди бар дониш асосёфта» конфронси байнулмилалӣ доир мегардад. Оғоз соати 09-00.
Қ
урби асъор
Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:
1
доллари ИМА –
6.2602
сомонӣ;
1
евро –
7.0252
сомонӣ;
1
рубли русӣ
– 0.1258
сомонӣ.
Як р
ӯ
зи таърих
2004
– Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ тағйироту илова ба қонуни ҶТ «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии ҶТ»-ро маъқул шуморид.
2014
— Дар Хоруғ ба гумони даст доштан дар ҷосусӣ олими ҷавон Александр Содиқов боздошт шуд.
1944
– Зодрӯзи доктори улуми таърих Аскаралӣ Раҷабов.
1945
– Мавлуди ҳунарманди сирк, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Назринисо Алиева.
Вазъи обуҳаво
Дар вилояти Хатлон
— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +18+23, рӯзона +34+39, дар доманакӯҳҳо шабона +12+17, рӯзона +28+33.
Дар вилояти Суғд
— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +16+21, рӯзона +33+38, дар доманакӯҳҳо шабона +4+9, рӯзона +20+25.
Дар Вилояти Мухтори К
ӯ
ҳистони Бадахшон
— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: дар ғарб шабона +6+11, рӯзона +22+27; дар шарқ шабона -2+3, рӯзона +10+15.
Дар Ноҳияҳои тобеи марказ
— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +14+19, рӯзона +32+37, дар доманакӯҳҳо шабона +6+11, рӯзона +22+27.
Дар шаҳри Душанбе
— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +15+17, рӯзона +34+36.
Дар шаҳри Қ
ӯ
рғонтеппа
— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +19+21, рӯзона +36+38.
Дар шаҳри Хоруғ
— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +8+10, рӯзона +24+26.
Дар шаҳри Ху
ҷ
анд
— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +17+19, рӯзона +35+37.



