Нигаронии муовини нахуствазир аз суръати корҳо дар сохтмони қитъаи роҳи оҳани Ваҳдат-Ёвон

Муовини нахуствазири Тоҷикистон Азим Иброҳим чанде қабл бо ҷараёни корҳо дар сохтмони нақбҳои қитъаи роҳи оҳани Ваҳдат – Ёвон шинос шуд. Сармушовири хадамоти матбуоти президенти ҶТ Субҳиддин Муҳиддинов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки айни замон корҳои нақбканӣ дар нақби якум бо масофаи 2,68 км аз ду ҷониб оғоз гардида дар нақби дувум […]

Аваз Юлдошев



Муовини нахуствазири Тоҷикистон Азим Иброҳим чанде қабл бо ҷараёни корҳо дар сохтмони нақбҳои қитъаи роҳи оҳани Ваҳдат – Ёвон шинос шуд.

Сармушовири хадамоти матбуоти президенти ҶТ Субҳиддин Муҳиддинов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки айни замон корҳои нақбканӣ дар нақби якум бо масофаи 2,68 км аз ду ҷониб оғоз гардида дар нақби дувум бо дарозии 680 м корҳои нақбканӣ танҳо аз як самт оғоз гардидааст ва барои оғози бунёди нақби сеюм, ки дарозии он 735 м мебошад корҳои омодагӣ идома доранд.

Сарфи назар аз идомаи корҳо дар маҳалли сохтмон, муовини нахуствазир аз суръати корҳо нигаронӣ изҳор намуда, назди роҳбарият ва шахсони масъул ҷиҳати суръатбахшӣ ба корҳо ва хушсифат анҷом додани он дастурҳои мушаххас гузошт.

Муовини нахуствазири ҷумҳурӣ зимни сафар ҳамчунин бо рафти корҳои сохтмони корхонаи истеҳсоли сементи «Моҳира», ки иқтидори солонаи он ба истеҳсоли 1,2 млн. тонна семент баробар хоҳад буд, низ аз наздик ошно гардид.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?

“Ба мактаб баред, вале дар вақти дарс истифода накунед”. Вазорати маориф корбурди телефонро дар мактабҳо шарҳ дод

Баҳси бурдан ва ё истифодаи телефон дар мактаб ва ё вақти дарс солҳост идома дорад.

Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё ҷойи дуюм шуд. Ҷудокорони тоҷик бо 5 медал бармегарданд

Паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқот 2 нишони тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст оварданд.

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.