Барқияи тасаллияти Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Туркия

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба даргузашти собиқ президенти Туркия Сулаймон Демирел ба президенти кунунии ин кишвар Реҷеп Тайип Эрдоган барқияи тасаллият ирсол намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон зикр мегардад, ки «бо эҳсоси андӯҳи бузург хабари даргузашти собиқ Президенти Ҷумҳурии Туркия Сулаймон Демирелро дарёфт намудам». «Шодравон ходими […]

ASIA-Plus



Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба даргузашти собиқ президенти Туркия Сулаймон Демирел ба президенти кунунии ин кишвар Реҷеп Тайип Эрдоган барқияи тасаллият ирсол намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон зикр мегардад, ки «бо эҳсоси андӯҳи бузург хабари даргузашти собиқ Президенти Ҷумҳурии Туркия Сулаймон Демирелро дарёфт намудам».

«Шодравон ходими барҷастаи сиёсиву давлатӣ ва яке аз бузургтарин шахсиятҳои мамлакат буд. Мардуми Тоҷикистон имрӯз дӯсти дерина ва самимии худро аз даст дод. Маҳз дар замони раҳбарии марҳум ва ба шарофати ӯ асосҳо ва таҳкурсии муносибатҳои созандаи дуҷонибаи Тоҷикистону Туркия поягузорӣ шуда буданд. Ва ҳанӯз аз ёдҳо нарафтааст, ки Сулаймон Демирел, сарфи назар аз вазъи ноором ва вазнини кишвари мо дар солҳои аввали истиқлолият, яке аз аввалинҳо шуда ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари расмӣ анҷом дода буд», – омадааст дар барқия.

Зимнан сарвари давлати Тоҷикистон аз номи Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон ба мардуми дӯсти Туркия ҳамдардӣ ва тасаллиёти амиқу самимии худро ба ин талафоти гарон изҳор мекунад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.