Боздиди раиси вилояти Ҳамадонии Эрон аз парлумони Тоҷикистон

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров  рӯзи 17 июн бо раиси вилояти Ҳамадонии Эрон Муҳаммад Носири Некбахт ва ҳамроҳони ӯ, ки бо мақсади шиносоӣ бо омодагиҳо ба ҷашни 700-солагии мутафаккири бузург Мирсайид Алии Ҳамадонӣ ба Тоҷикистон омадаанд мулоқот намуд. Бино ба иттилои сомонаи расмии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ, зимни мулоқот масоили марбут ба […]

ASIA-Plus



Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров  рӯзи 17 июн бо раиси вилояти Ҳамадонии Эрон Муҳаммад Носири Некбахт ва ҳамроҳони ӯ, ки бо мақсади шиносоӣ бо омодагиҳо ба ҷашни 700-солагии мутафаккири бузург Мирсайид Алии Ҳамадонӣ ба Тоҷикистон омадаанд мулоқот намуд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ, зимни мулоқот масоили марбут ба густариши ҳарчи бештари ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои фарҳангу маориф ва иқтисоду энергетика мавриди баррсаӣ қарор гирифтанд.

Гуфта мешавад, дар ҷараёни вохӯрӣ ҳамчунин масъалаҳои таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ миёни кишварҳо матраҳ гардид.

Раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки Рӯзҳои фарҳанги вилояти Ҳамадонии Эрон дар Тоҷикистон ва Рӯзҳои фарҳанги минтақаҳои Тоҷикистон дар вилояти Ҳамадонии Эрон гузаронида шаванд.

Зимнан зикр мегардад, ки зимни дидору суҳбат ҷонибҳо атрофи масоили роҳандозии робитаҳои мустақим миёни соҳибкорони ҳарду кишвар ва ташкили ҳамоишҳои тиҷоратии минтақаҳои Тоҷикистону Эрон табодули назар намуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?

“Ба мактаб баред, вале дар вақти дарс истифода накунед”. Вазорати маориф корбурди телефонро дар мактабҳо шарҳ дод

Баҳси бурдан ва ё истифодаи телефон дар мактаб ва ё вақти дарс солҳост идома дорад.

Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё ҷойи дуюм шуд. Ҷудокорони тоҷик бо 5 медал бармегарданд

Паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқот 2 нишони тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст оварданд.

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.