Кабирӣ мутмаин аст, ки ӯро дар ватан ҷавобгарии ҷиноӣ интизор аст



Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ дар конфронси байнулмилалӣ таҳти унвони «Осиёи Марказӣ: таҳдидҳои муосир», ки рӯзи 17 июн дар шаҳри Маскав доир гардид,


изҳор намудааст


, ки мутмаин аст, дар ватан ба ӯ ҷавобгарии ҷиноӣ таҳдид карда метавонад. Дар ин бора хабаргузории «Фергана.Ру» иттилоъ медиҳад.

«Ман аз он ба ҳайрат омадам, ки дар остонаи ҷашн (Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон, 27 июн) тариқи ВАО-и давлатӣ эълом доштанд, ки нисбати ман парвандаи ҷиноӣ омода мешавад, зеро 17 сол пеш ман гӯё амволи худро нодурурст фурӯхта будаам. Чӣ гуна метавонад парвандаи ҷиноӣ бошад, вақте ин амволи ман аст? Ба ҳар ҳол, агар ба ман саволҳо медоштанд, онро метавонистем баъди ҷашн баррасӣ кунем. Гузашта аз ин, муддати ин 17 сол ман ду маротиба вакили парлумон будам ва бисёр афвҳо мавриди амал қарор гирифтанд», – гуфтааст Кабирӣ.

Раиси ҲНИТ зикр кардааст, ки тайи солҳои ахир шартҳои амалисозии созишномаи истиқрори сулҳ аз ҷониби ҳукуматдорон дағалона вайрон мешаванд. «Ду рӯз қабл Шӯрои сиёсии ҲНИТ маҷбур шуд, ки бо мактуби кушод ба

президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муроҷиат намояд

, ки дар он далелҳои сершумори таъқиб ва фишори аъзои ҳизб аз ҷониби мақомоти интизомӣ дарҷ ёфтаанд ва мо бовар дорем, ки президент ҳамчун кафили риояи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин самт чораҳои зарурӣ рӯйи кор мегирад», – гуфтааст Кабирӣ.

Дар конфронс Муҳиддин Кабири ҳамчунин дар мавриди натиҷаҳои интихоботи парлумонии соли 2015, ки ба ҳизби дуюми кишвар аз нигоҳи шумора ҳамагӣ 1,6%-и овозҳоро лоиқ донистанду ин барои ҳизб як таҳқир аст ва  сабабҳои ба равияҳои тундгаро гаравидани ҷавонони Тоҷикистон низ ибрози назар намудааст.

«Фишор болои ҲНИТ ба таъмини сулҳу субот мусоидате накарда, баръакс, ба афзоиши афкори тундгаро дар кишвар боис гардида, сафи ҳаводорону ҳаммаслакони «Давлати исломӣ»-ро зиёд мекунад», – таъкид доштааст раиси ҲНИТ.

spot_imgspot_img

Популярное