Ифтитоҳи мактаби президентӣ барои кӯдакони болаёқат дар Ҳисор



Дар ноҳияи Ҳисор мактаби президентӣ барои кӯдакони соҳибистеъдоду лаёқатманд кушода мешавад.

Аз Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки сохтмони ин мактаби нав барои 640 нафар хонандагон қариб пурра ба итмом расида,. он аз бинои таҳсил, хобгоҳ ошхона, майдони варзишӣ ва дигар иншооти ёридиҳанда иборат аст.

«Барои қабули хонандагон мо аллакай озмун эълон кардем, ки он рӯзи 21 июн баргузор мешавад. Қайд карданием, ки ин мактаб натанҳо барои хонадагони ноҳияи Ҳисор, балки тамоми толибилмони болаёқати шаҳру навоҳии ноҳияҳои тобеи марказ пешбинӣ шудааст», – гуфтанд дар вазорат.

Ба иттилои манбаъ, маросими ифтитоҳи мактаби мазкур моҳи октябри соли равон, ҳангоми таҷлили ҷашни 3000-солагии Ҳисор ва боздиди сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ин ноҳия дар назар аст.

Дар ҳамин ҳол, ба Вазорати маориф ва илм ва Вазорати молияи ҷумҳурӣ ҷиҳати ҳаллу фасли масоили тадорукотиву ҳуқуқӣ ва маблағгузории фаъолияти мактаби президентӣ дар Ҳисор дастуру супоришҳо дода шудааст. 

spot_imgspot_img

Популярное