Дар Душанбе беш аз 180 кило мухаддирот сӯзонида шуд

Дар остонаи Рӯзи байнулмилалии мубориза бо суистеъмол аз воситаҳои нашъаовар ва муомилоти ғайриқонунии онҳо, ки ҳамасола рӯзи 26 июн ҷашн гирифта мешавад, имрӯз дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ бо тартиби дар қонунгузорӣ муқарраргардида маросими сӯзонидани воситаҳои нашъадор дар оташдони махсус доир гардид. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Агентӣ, дар ҳузури комиссия аз […]

ASIA-Plus



Дар остонаи Рӯзи байнулмилалии мубориза бо суистеъмол аз воситаҳои нашъаовар ва муомилоти ғайриқонунии онҳо, ки ҳамасола рӯзи 26 июн ҷашн гирифта мешавад, имрӯз дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ бо тартиби дар қонунгузорӣ муқарраргардида маросими сӯзонидани воситаҳои нашъадор дар оташдони махсус доир гардид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Агентӣ, дар ҳузури комиссия аз ҳисоби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва судӣ, инчунин бо иштироки намояндагони васоити ахбори оммаи ватанӣ ва хориҷӣ аз рӯи 7 парвандаи ҷиноӣ, ки нисбати онҳо ҳукми суд баромадааст, 180 кг 580 гр маводи нашъаовар аз ҷумла: 31 килову 782 грамм маводи сахттаъсири героин, 99 килову 520 грамм афюн, 49 килову 278 грамм маводи нашъаовари гурӯҳи каннабис сӯзонида шуд.

Қобили зикр аст, ки маводи нашъаовари мазкур аз тарафи мақомоти интизомӣ ва Хадамоти гумруки кишвар ҳангоми гузаронидани амалиётҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ мусодира гардида, чорабиниҳо оид ба сӯзонидани маводи нашъаовар аз тарафи кормандони Агентӣ мунтазам пас аз баромадани ҳукми суд гузаронида мешаванд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.