Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждани (КҲФ ва МГ)-и назди ҳукумати Тоҷикистон як муроҷиатнома пахш намуда, аз аҳолии ҷумҳурӣ даъват кард, ки дар мавсими оббозӣ эҳтиёткор бошанду аз ҷойҳои барои оббозӣ номувофиқ даст кашанд.
Котиби матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи мамлакат Ориф Нозимов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки то имрӯз шумори қурбониёни мавсими оббозии соли равон ба 54 нафар расидааст.
Номбурда таъкид дошт, ки аксари ҳалокшудагон кӯдакону ҷавонон мебошанд. «Нимсолаи аввали соли гузашта дар Тоҷикистон 31 ҳолати марг ҳангоми оббозӣ ба қайд гирифта шуда буд», – изҳор намуд Нозимов.



