Рӯзи 26 июни соли 2015 вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо роҳбари Дафтари Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар Тоҷикистон Сафир Маркус Мюллер дидору гуфтушунид кард.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкориҳои минбаъда миёни Тоҷикистон ва САҲА дар доираи лоиҳа ва барномаҳои САҲА дар Тоҷикистон матраҳ гардиданд.



