Иштироки Шералӣ Мирзо дар кори Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви СҲШ

Вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-лейтенант Шералӣ Мирзо дар машварати Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай, ки имрӯз дар шаҳри Санкт-Петербург ба кор шурӯъ мекунад, ширкат меварзад. Сухангӯи Вазорати мудофиаи ҶТ Фаридун Маҳмадалиев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар доираи ин машварат як қатор дидору гуфтушунидҳои Шералӣ Мирзо ба ҳамтоҳои худ аз […]

Аваз Юлдошев



Вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-лейтенант Шералӣ Мирзо дар машварати Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай, ки имрӯз дар шаҳри Санкт-Петербург ба кор шурӯъ мекунад, ширкат меварзад.

Сухангӯи Вазорати мудофиаи ҶТ Фаридун Маҳмадалиев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар доираи ин машварат як қатор дидору гуфтушунидҳои Шералӣ Мирзо ба ҳамтоҳои худ аз кишварҳои узви СҲШ дар назар аст.

Бино ба маълумоти сомонаи расмии Вазорати мудофиаи Русия, дар кори машварат ҳайатҳои шаш кишвари узви СҲШ (Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон) ва ҳамчунин намояндагони Котибот ва сохтори минатқавии зиддитеррористии Созмон иштирок мекунанд.

Гуфта мешавад, дар машварат атрофи масоили муҳиму рӯзмарраи амнияти байнулмилалӣ ва минтақавӣ, роҳу воситаҳои мутттаҳидсозии талошҳо барои посухи сазовор ба таҳдиду чолишҳои замони муосир, табирҳои амалӣ ҷиҳати сафарбарии нерӯ ва воситаҳои Созмон баҳри таъмину сулҳу субот дар минтақа табодули назар сурат гирифта, иштирокдорони машварат натиҷаҳои фаъолияти муштарак дар соли гузаштаро баррасӣ ва ҳамчунин имзои Нақшаи ҳамкориҳои вазоратҳои мудофиаи кишварҳои узви СҲШ барои солҳои 2016-2017 ва тасдиқи як қатор асноди муносибатҳои дуҷониба дар назар аст.

Зимнан зикр мегардад, ки дар доираи баргузории машварати Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви СҲШ дар шаҳри Санкт-Петербург Фестивали дуюми байнулмилалии низомӣ-мусиқии кишварҳои узви СҲШ низ доир мегардад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.