– Минбаъд меъёри асосии қабули аъзои нав ба сафи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон истеъдоду қобилияти довталаб хоҳад буд ва ба ин саф адибоне пазируфта хоҳанд шуд, ки аллакай дар адабиёти муосири тоҷик ҷойгоҳи худро пайдо намудаанд, – иброз дошт дар мусоҳиба ба хабарнигори «Азия-Плюс» Низом Қосим, шоири маъруфи тоҷик ва раиси тозаинтихоби Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.
«Тибқи мушоҳидаҳои ман, солҳои ахир дар Тоҷикистон сафи адибон зиёду худи адабиёт кам шудааст», – қайд кард Н.Қосим.
Ба гуфтаи ӯ, пас аз анҷумани нависандагон ҳайати Раёсати Иттифоқи нависандагон интихоб гардид, ки адибони шинохтаи тоҷик ба он шомил шуданд. «Шоир Ато Мирхоҷа ва нависанда Юнус Юсуф муовинони ман интихоб шуда, имрӯз сардабирони нави нашрияҳои Ититфоқи нависандагон – Рустами Ваҳҳоб сардабири маҷаллаи «Садои Шарқ», Ҷумъа Қуддус сардабири маҷаллаи «Помир» ва Мансур Сурӯш сардабири ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» таъин шуданд», – гуфт Н.Қосим.
Номбурда таъкид дошт, ки назди кормандони нашрияҳои Иттифоқ вазифа гузоштааст, ки ба таҷрибаи насли калонсол такя намуда, аз имконоти ҷавонон пурсамар истифода намоянд.
«Масалан, ман аз сардабири нави ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат дархост кардам, ки нашрияро аз маҷмӯи осори бадеӣ (алманах) ба газета табдил диҳад, ки натанҳо масоили бахши фарҳангу ҳунар, балки мушкилоти мардумро низ инъикос карда тавонад», – таъкид намуд шоир.





