Низом Қосим: Дар Тоҷикистон сафи адибон зиёду худи адабиёт кам шудааст

– Минбаъд меъёри асосии қабули аъзои нав ба сафи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон истеъдоду қобилияти довталаб хоҳад буд ва ба ин саф адибоне пазируфта хоҳанд шуд, ки аллакай дар адабиёти муосири тоҷик ҷойгоҳи худро пайдо намудаанд, – иброз дошт дар мусоҳиба ба хабарнигори «Азия-Плюс» Низом Қосим, шоири маъруфи тоҷик ва раиси тозаинтихоби Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон. «Тибқи […]

Аваз Юлдошев



– Минбаъд меъёри асосии қабули аъзои нав ба сафи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон истеъдоду қобилияти довталаб хоҳад буд ва ба ин саф адибоне пазируфта хоҳанд шуд, ки аллакай дар адабиёти муосири тоҷик ҷойгоҳи худро пайдо намудаанд, – иброз дошт дар мусоҳиба ба хабарнигори «Азия-Плюс» Низом Қосим, шоири маъруфи тоҷик ва раиси тозаинтихоби Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.

«Тибқи мушоҳидаҳои ман, солҳои ахир дар Тоҷикистон сафи адибон зиёду худи адабиёт кам шудааст», – қайд кард Н.Қосим.

Ба гуфтаи ӯ, пас аз анҷумани нависандагон ҳайати Раёсати Иттифоқи нависандагон интихоб гардид, ки адибони шинохтаи тоҷик ба он шомил шуданд. «Шоир Ато Мирхоҷа ва нависанда Юнус Юсуф муовинони ман интихоб шуда, имрӯз сардабирони нави нашрияҳои Ититфоқи нависандагон – Рустами Ваҳҳоб сардабири маҷаллаи «Садои Шарқ», Ҷумъа Қуддус сардабири маҷаллаи «Помир» ва Мансур Сурӯш сардабири ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» таъин шуданд», – гуфт Н.Қосим.

Номбурда таъкид дошт, ки назди кормандони нашрияҳои Иттифоқ вазифа гузоштааст, ки ба таҷрибаи насли калонсол такя намуда, аз имконоти ҷавонон пурсамар истифода намоянд.

«Масалан, ман аз сардабири нави ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат дархост кардам, ки нашрияро аз маҷмӯи осори бадеӣ (алманах) ба газета табдил диҳад, ки натанҳо масоили бахши фарҳангу ҳунар, балки мушкилоти мардумро низ инъикос карда тавонад», – таъкид намуд шоир.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.