Ҷангиёни «Давлати исломӣ» 80 нафар ҳамсафонашонро ба қатл расониданд

Ҷангиёни гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» ба иттиҳоми хиёнат ва итоат накардан ба супоришҳои «халифат» беш аз 80 нафар ҳаммаслаконашонро ба қатл расониданд. Бино ба иттилои хабаргузории ИА REGNUM , маросими қатл дар минтақаи шимолу шарқи Сурия, шаҳрҳои Маёдин ва Дайр-у-Зор сурат гирифтааст. Гуфта мешавад, ба қатл маҳкумшудагон бидуни убури посгоҳҳои гурӯҳи худ ба қаламрави Ироқ […]

ASIA-Plus



Ҷангиёни гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» ба иттиҳоми хиёнат ва итоат накардан ба супоришҳои «халифат» беш аз 80 нафар ҳаммаслаконашонро ба қатл расониданд.

Бино ба иттилои хабаргузории

ИА REGNUM

, маросими қатл дар минтақаи шимолу шарқи Сурия, шаҳрҳои Маёдин ва Дайр-у-Зор сурат гирифтааст.

Гуфта мешавад, ба қатл маҳкумшудагон бидуни убури посгоҳҳои гурӯҳи худ ба қаламрави Ироқ ворид шуданӣ будаанд, вале дар марз боздошт ва ба шаҳри Маёдин фиристода шуда, назди суди «шариат» ҷавоб гуфтаанд.

Зикр мегардад, ки дар навбати аввал онҳоро ба худсарона тарк кардани мавқеи ҷангӣ дар шаҳри Палмира айбдор дониста, пас аз ҳукми суд ҳамаи боздоштшудагон ба қатл расонида шудаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.