Интиқоли пул аз Русия тақрибан 44% кам шуд

Дар муқоиса бо семоҳаи аввали соли гузашта, семоҳаи аввали соли равон ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулии шахсони вокеъӣ аз Русия ба Тоҷикистон тақрибан 44% коҳиш ёфт. Бино ба маълумоти Бонки марказии Русия, семоҳаи аввали соли ҷорӣ шахсони воқеъӣ аз Русия ба Тоҷикистон 364 млн. доллари ИМА (семоҳаи аввали соли 2014 – 648 млн. $) маблағ фиристодаанд, […]

Пайрав Чоршанбиев



Дар муқоиса бо семоҳаи аввали соли гузашта, семоҳаи аввали соли равон ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулии шахсони вокеъӣ аз Русия ба Тоҷикистон тақрибан 44% коҳиш ёфт.

Бино ба

маълумоти

Бонки марказии Русия, семоҳаи аввали соли ҷорӣ шахсони воқеъӣ аз Русия ба Тоҷикистон 364 млн. доллари ИМА (семоҳаи аввали соли 2014 – 648 млн. $) маблағ фиристодаанд, ки нисбат ба маблағи дар моҳҳои январ-марти соли гузашта интиқолёфта 284 млн. доллари ИМА камтар аст.

Дар ҳамин ҳол, дар ин давра ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулии шахсони воқеъӣ аз Русия ба таври назаррас ба Украина (беш аз 2,1 баробар) ва Ӯзбекистон (қариб 2 баробар) камтар шудааст. Давоми моҳҳои январ-марти соли равон аз Русия ба Украина 260 млн. доллари ИМА (ҳамин давраи соли гузашта – 594 млн. $) ва Ӯзбекистон – 466 млн. доллари ИМА (ҳамин давраи соли 2014 – 924 млн. $) маблағҳои пулӣ интиқол дода шудаанд.

Қаблан Бонки миллии Тоҷикистон дар ин робита иттилоъ дода буд, ки ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ ба Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли равон 289 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2014 ба андозаи 42,4% ё худ 289 млн. доллари ИМА камтар аст. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.