Раиси ҲСДТ аз ошёнаи сеюми бинои як сохтмон афтида, ҷароҳатҳои сабук бардошт

Раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон (ҲСДТ) Раҳматилло Зойиров аз ошёнаи сеюми бинои як сохтмон афтида, ҷароҳатҳои сабук бардошт. Раҳматилло Зойиров ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ин ҳодиса рӯзи 26 июн дар бинои мавриди сохтмон қарордоштаи дафтари кории ҳизб дар ноҳияи Рӯдакӣ рух додааст. «Дар вақти ғалтидан қафаси сина ва шушам ҷиддӣ беҷо шуда, […]

Мавзуна Абдуллоева



Раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон (ҲСДТ) Раҳматилло Зойиров аз ошёнаи сеюми бинои як сохтмон афтида, ҷароҳатҳои сабук бардошт.

Раҳматилло Зойиров ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ин ҳодиса рӯзи 26 июн дар бинои мавриди сохтмон қарордоштаи дафтари кории ҳизб дар ноҳияи Рӯдакӣ рух додааст.

«Дар вақти ғалтидан қафаси сина ва шушам ҷиддӣ беҷо шуда, паҳлӯи ростам ва пои ростам ҷароҳат гирифтаанд. Маро дар бемористон бистарӣ карданӣ буданд, вале ман рад карда, дар хона табобат мегирам. Айни замон худро хуб ҳис мекунам», – гуфт ӯ.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 28 июни соли равон Раҳматилло Зойиров

дар саҳифаи худ дар Фейсбук

дар мавриди мавқеъи кунунии сиёсиаш изҳор дошта буд: «Аввал, саломатии ман хуб ва мавқеам дигар нашуда, дуюм, фишороварӣ нисбати ман кушод нест, балки ба аъзои ҲСДТ ва одамҳое дар атрофи ман фишор меоваранд, ки аз ҳамкорӣ бо Р. Зойиров даст кашанд. Ин ҷароҳат ягон характери сиёсӣ ё маъмурӣ надошта, бо сабаби аз ҷониби ман риоя накардани техникаи бехатарӣ дар сохтмон ба миён омад».

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.