Ҷашни Рӯзи байналмилалии хабарнигори варзишӣ

Бо ибтикори Ассотсиатсияи байналмилалии матбуоти варзишӣ (АИПС) ҳамасола 2 июл ҳамчун Рӯзи байналмилалии хабарнигори варзишӣ таҷлил мегардад. Ассотсиатсияи байналмилалии матбуоти варзишӣ (International Sports Press Association, AIPS) ҳамчун ташкилоти байналмилалии касбии журналистон 2 июли соли 1924 дар Париж таъсис ёфтааст. Маҳз ин рӯз ҳамчун иди касбии хабарнигори варзишӣ сар аз соли 1995 таҷлил мешавад. Дар айни ҳол иттиҳодияҳои миллии […]

Иттилоияи расмӣ



Бо ибтикори Ассотсиатсияи байналмилалии матбуоти варзишӣ (АИПС) ҳамасола 2 июл ҳамчун Рӯзи байналмилалии хабарнигори варзишӣ таҷлил мегардад.

Ассотсиатсияи байналмилалии матбуоти варзишӣ (International Sports Press Association, AIPS) ҳамчун ташкилоти байналмилалии касбии журналистон 2 июли соли 1924 дар Париж таъсис ёфтааст. Маҳз ин рӯз ҳамчун иди касбии хабарнигори варзишӣ сар аз соли 1995 таҷлил мешавад. Дар айни ҳол иттиҳодияҳои миллии хабарнигорони варзишии 159 кишвари ҷаҳон, аз он ҷумла Тоҷикистон, аъзои АИПС мебошанд.

АИПС байни расонаҳои хабарии байналмилалӣ, варзишгарон ва сарпарастон миёнаравӣ мекунад, барои хабарнигорони навқалам маҷлису давраҳои бозомӯзӣ ташкил менамояд. Дафтари кории АИПС дар шаҳри Лозаннаи Швейтсария ҷойгир аст. Гианни Мерлои итолиёвӣ президенти АИПС мебошад.

Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон (АЖРВТ) Нарзулло Латифов мегӯяд, “Созмони мо 25-уми январи соли 2001 дар шаҳри Душанбе дар конфронси муассисон таъсис ёфтааст. АЖРВТ дар Конгресси 74-уми АИПС, ки моҳи марти соли 2011 дар шаҳри Сеули Кореяи Ҷанубӣ барпо гардид, ба узвияти Ассотсиатсияи байналмилалии матбуоти варзишӣ (АИПС) пазируфта шудааст. Аҳдофи аслии АЖРВТ рушди журналистикаи варзишӣ, тарғиби тарбияи ҷисмонӣ, варзиш ва тарзи ҳаёти солим мебошад. Инчунин АЖРВТ ба баландшавии дараҷаи касбии хабарнигорони варзишии ҷумҳурӣ мусоидат мекунад”.

Ба гуфтаи Нарзулло Латифов, АЖРВТ дар ҳамкорӣ бо Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ҳамасола бахшида ба Рӯзи байналмилалии хабарнигори варзишӣ дар Душанбе ҳамоиши намояндагони васоити ахбори оммаро доир мекунад. Беҳтарин хабарнигорони соҳа бо ҷоизаҳо сарфароз мегарданд. Инчунин хабарнигорон дар чорабиниҳои варзишӣ фаъолона ширкат варзида, на танҳо бо сухан, балки дар амал пайвастагии худро ба тарғиби тарбияи ҷисмонӣ, варзиш ва тарзи ҳаёти солим собит мекунанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.