Айбдоркунанда ба «шайх Темур» 18 соли зиндон талаб кард

Айбдоркунандаи давлатӣ дар парвандаи Саидмаҳдихон Сатторов, маъруф ба «шайх Темур», ки гӯё «даъвои пайғамбарӣ дошт», аз суд дархост намуд, ки ӯ ба 18 соли зиндон маҳкум карда шавад. Мавлудхон Солеҳов, адвокати С.Сатторов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки айбдоркунандаи давлатӣ аз суд дархост намудааст, ки зерҳимояаш мутобиқи панҷ моддаи Кодекси ҷиноии ҶТ – […]

Мавзуна Абдуллоева



Айбдоркунандаи давлатӣ дар парвандаи Саидмаҳдихон Сатторов, маъруф ба «шайх Темур», ки гӯё «даъвои пайғамбарӣ дошт», аз суд дархост намуд, ки ӯ ба 18 соли зиндон маҳкум карда шавад.

Мавлудхон Солеҳов, адвокати С.Сатторов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки айбдоркунандаи давлатӣ аз суд дархост намудааст, ки зерҳимояаш мутобиқи панҷ моддаи Кодекси ҷиноии ҶТ – худсарона азхуд кардани қитъаи замин, таҳқири ҷасадҳои фавтидагон ва макони гӯронидани онҳо, тамаъҷӯӣ, серзанагӣ ва монеъ шудан ба гирифтани маълумоти ҳатмӣ (нуҳсола) гунаҳкор эътироф карда шавад.

Ёдрас мекунем, ки дар мурофиаҳои қаблии судӣ, ки дар тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и КДАМ ҷараён дорад, судшаванда

қисман

ба гуноҳҳояш дар серзанагӣ, монеъ шудан ба гирифтани маълумоти ҳатмӣ (нуҳсола) ва худсарона азхуд намудани қитъаи замин иқрор шуда, дар дигар айбномаҳо худро гунаҳкор эътироф накард.

Нимаи дуюми моҳи феврали соли ҷорӣ бо қарори суди ноҳияи Синои пойтахт Саидмаҳдихон Сатторови 65-сола 

ба ҳабс гирифта шуда

, нисбати ӯ мутобиқи якчанд моддаи Кодекси ҷиноии ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз шуд. «Шайх Темур» ба содир намудани ҷиноятҳои марбут ба қаллобӣ, серзанагӣ ва ғайра гумонбар донита мешавад.

Ёдрас мекунем, Шабакаи Аввали телевизиони Тоҷикистон шоми 6-уми феврал

филмеро бо номи “Ривояти Шайх Темур” намоиш дод

, ки аз корнамоиҳои Саидмаҳдихон Сатторов, маъруф ба “Шайх Темур” нақл мекунад.

Қобили зикр аст, ки то санаи 16-уми феврал С.Сатторов дар деҳаи Асбоби ҷамоати Работи шаҳри Турсунзода таҳти ҳабси хонагӣ қарор дошт.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.