Медалҳои толибилмони тоҷик дар Олимпиадаи байнулмилалӣ



Мактаббачагони тоҷик аз Олимпиадаи байналмилалии наврасони Балкан аз фанни риёзӣ (математика) бо 4 медал баргаштанд. 

Тавре ба «Азия-Плюс»» роҳбари ҳайати Тоҷикистон дар ин олимпиада Хусрав Ёров иттилоъ дод, дастаи Тоҷикистонро дар ин мусобиқот хонандаи синфи 8-и гимназия-интернати Тоҷикистону Русия «Ҳотам ва ПВ» Абӯбакр Усмонов, ки соҳиби медали нуқра гардид ва ҳамчунин Меҳрон Бобохонов, Суннатулло Раҳматов ва  Азизҷон Исматов – барандагони медали биринҷӣ, намояндагӣ карданд.

Қобили зикр аст, ки  Олимпиада охири моҳи июн дар шаҳри Белград доир гардида дар он аз 19 кишвар дастаҳо ширкат варзиданд.

spot_imgspot_img

Популярное