Путин ба ихроҷи муҳоҷирони тибқи ихтисос фаъолиятнадошта иҷозат дод

Владимир Путин қонунеро имзо гузошт, ки тибқи он муҳоҷирони тибқи ихтисосашон фаъолиятнадошта ба мухоҷирони ғайриқонунӣ баробар карда мешаванд. Хабаргузории РБК дар ин робита иттилоъ медиҳад, ки ба онҳо ҷавобгарӣ то ҳудуди аз кишвар берун кардан таҳдид мекунад. Барои ҷалби муҳоҷироне, ки на ки тибқи касби дар иҷозатномаашон дарҷгардида кор мекунанд, шахсони вокеиро ҷарима то 5 […]

ASIA-Plus



Владимир Путин қонунеро имзо гузошт, ки тибқи он муҳоҷирони тибқи ихтисосашон фаъолиятнадошта ба мухоҷирони ғайриқонунӣ баробар карда мешаванд.

Хабаргузории

РБК

дар ин робита иттилоъ медиҳад, ки ба онҳо ҷавобгарӣ то ҳудуди аз кишвар берун кардан таҳдид мекунад. Барои ҷалби муҳоҷироне, ки на ки тибқи касби дар иҷозатномаашон дарҷгардида кор мекунанд, шахсони вокеиро ҷарима то 5 ҳазор рубл, шахсони ҳукукиро то 800 рубл, ё ин ки қатъи маъмурии фаъолият ба муҳлати то 90 шабонарӯз таҳдид мекунад.


Lenta.ru

менависад, шурӯъ аз якуми январи соли 2015 муҳоҷирони меҳнатӣ муваззафанд барои кор дар қаламрави Русия, дар муддати 30 рӯз аз лаҳзаи будубошашон иҷозатнома бигиранд. Ин ҳуҷҷат муддати як моҳ эътибор дошта, аммо икони тамдиди он то як сол вуҷуд дорад. Ғайр аз ин, нафароне, ки мехоҳанд дар Русия кору фаъолият кунанд, ҳатман аз забони русӣ, асосҳои таърих ва ҳуқуқи Русия имтихон месупоранд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.